Раиси САҲА ва вазирони СПАД ба Тоҷикистон меоянд
Ивитса Дачич, раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо( САҲА), ки ҳамчунин раиси ҳукумат ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия мебошад, 31-уми март бо як сафари серӯза вориди Тоҷикистон мешавад.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки ҳамчунин рӯзҳои 1-2 апрели соли 2015 вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Котиби генералии СПАД ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СПАД меоянд.
Намояндаи махсуси Котиби генералии СММ, Директори Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда Мирослав Енча ва Дабири кулли САҲА, Директори Маркази пешгирии низоъҳо Адам Кобератски ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 1-2-юми апрел ташриф меоваранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |