Даъвати сафорат аз наздикони тоҷикони муқими Яман
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони кишвар, ки дар бораи шахсият ва макони будубоши тоҷикони муқими Яман иттилое доранд, даъват кардааст, ба ин ниҳод кумак кунанд.
Масъулини сафорат мегӯянд, ҳарчанд ҷониби Русия барои берун овардани тоҷикон аз қаламрави ҷумҳурии арабии Яман ибрози омодагӣ кардааст, вале барои муайян кардани шахсият ва макони будубошашон ба кумаки пайвандони онҳо ниёз дорад.
Муҳаммад Эгамзод, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 30 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар гуруҳи корие бо раҳбарии Ашраф Гулов, консули Тоҷикистон дар Маскав таъсис ёфта, гуфтушунид бо масъулини Вазорати умури хориҷии Русия барои интиқоли сареи тоҷикони муқими Яман ба макони бехавф идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, онҳо алакай феҳристи аввалияи тоҷикони муқими Яманро ба Вазорати умури хориҷии Русия равон кардаанд: “Аз шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар бораи шахсият ва макони будубоши тоҷикони муқими Яман иттилое доранд, хоҳиш мекунем, бо рақамҳои телефони +7 (495) 690-38-46, 690-41-86, 690-61-02 бо мо тамос гиранд”.
Оқои Эгамзод афзуд, қарор имрӯз, 30 март Имомуддин Саторов, сафири Тоҷикистон дар Маскав зимни мулоқоти Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бо сафирони кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ин масъаларо бори дигар дар миён гузорад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 27 март ба тамоми сафоратхона ва намояндагиҳои кишвар дар давлатҳои арабӣ дастур дод, то барои берун овардани тоҷикони муқими Яман талош кунанд. Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 март бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман аз тамоми имкониятҳои худ истифода кунанд.
Дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба Яман тоҷикони муқими ин кишвар, ки теъдодашон ҳудуди 800 нафар арзёбӣ мешавад, аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар бароранд, чун ҷонашон дар хатар қарор дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |