Имсол тақсимоти такрории довталабон ба макотиби олӣ намешавад
Ин марказ бо хитоб ба довталабони макотиби олии кишвар хабар додааст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2015 тақсимоти такрории довталабон ба муассисаҳои таълимӣ ба нақша гирифта нашудааст.
Ин ниҳоди масъули пазириши донишҷӯён дар Тоҷикистон ба довталабон тавсия додааст, ки аз имконоте, ки барои интихоби 12 ихтисос ба онҳо дода шудааст истифода баранд ва агар довталабон аз ҳама субтетстҳо холҳои гузаришро соҳиб шуда бошанд, дар озмуни тақсимот имконяити бештари муваффақ шуданро доранд. Ҳамчунин ба иттилои ин ниҳод имсол имкони интихоби пешкаии забони таҳсил бекор шудааст.
Бояд гуфт, ки соли гузашта Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои довталабоне, ки холҳои гузариши фанниро аз ҳамаи субтестҳо ба даст оварда буданду аммо бар асоси озмуни тақсимот бинобар мувофиқат накардани холҳо ба ихтисосҳои интихобкардаашон пазируфта нашуданд, тибқи хоҳишашон имкони иштирок дар озмуни тақсимоти такрориро дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |