ВИДЕО: Хушқадам Хусравов барандаи мақоми аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо шуд

Хушқадам Хусравов танҳо намояндаи Тоҷикистон дар шаҳри Маскави Русия барандаи мақоми аввали Ҷоми ҷаҳонии самбо -- “Ёдбуди Анатолий Харлампиев” гардид.
Хушқадам Хусравов, ки дар вазни 62 кг соҳиби медали тило гардид, дар даври ниҳоӣ бар ҳарифи қазоқаш -- Йессет Куанов бо натиҷаи 6:1 ғолиб омад. Ҷойи семро дар ин вазн Иван Анискевич (Белорус) ва Лагазаури Шмаги (Гурҷистон) ба худ ихтисос доданд.
Ин мусобиқа рӯзҳои 27-29 март дар шаҳри Маскави Русия дар 9 вазн байни мардону занон дар риштаи самбои варзишӣ ва байни мардон дар намуди самбои размӣ баргузор гардид.
Мусобиқаи байналмилалии “Ёдбуди Анатолий Харлампиев”, ки аз соли 1980 гузаронида мешавад, аз соли 2009 яке аз даврҳои муҳимтарини Ҷоми ҷаҳон, Суперҷом ё Ҷоми олии ҷаҳонии самбо ба шумор мерафт ва сар аз соли 2015 ин мусобиқа расман ягона Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешавад.
Хушқадам Хусравов аз варзишкорони варзидаи Тоҷикистон буда, соли гузашта барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи самбо дар Ҷопон шуд. Ҳамчунин Хушқадам қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо миёни наврасон ва чаҳор карат қаҳрамони Осиё дар ин ришта мебошад.
Хушқадам Хусравов, ки ғолиби чандин мусобиқоти дигари сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, соли гузашта дар даҳгонаи беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон ворид шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
31 | |