Бахшҳо

Ҳайдар Ҷамол: Раҳмон дарк кард, ки Эрон аз Кабирӣ “рӯй гардондааст”

Ҳайдар Ҷамол, раиси Кумитаи исломии Русия масъалаи бастани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро баррасӣ карда, изҳор доштааст, ки раҳбарияти Тоҷикистон барои саркӯби ниҳоии ин ҳизби расмии динӣ шитоб дорад.

Ҳайдар Ҷамол бо нашри матлабе дар бораи ҳаводиси ахири атрофи ҲНИТ изҳор доштааст, ки ҳангоми эълони натоиҷи интихоботи парлумонии 1-уми марти солои 2015 мақомоти Тоҷикистон дар рӯбарӯи ҲНИТ “1,5” навиштанд ва дар интихоботи парлумонии соли 2010 ин ҳизб расман 9% раъй гирифт, дар ҳоле ки он замон ҳар сеюмин нафари раъйдиҳанда ба ҷонибдории ҲНИТ овоз дода буд: “Дар мавриди ин ки ҲНИТ дар интихоботи охир беш аз 5% раъйи мардумро соҳиб шудааст, шакке нест”.

Ҳайдар Ҷамол суол гузоштааст, ки барои чӣ Эмомалӣ Раҳмон аз баҳри ҲНИТ гузашта бошад, дар ҳоле ки фаъолияти қонунии ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҳузури он дар парлумон ҳамчун рамзи Ваҳдати миллӣ ба шумор мерафт?

Раиси Кумитаи исломӣ худаш ба ин суолаш посух додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳис кард, ки дигар Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ пуштибонии ҷиддиеро аз хориҷ надорад: “Маъмулан пуштибони ин ҳизб эрониҳо буданд, вале ин кишвар низ муддатҳо инҷониб аз ин ҳизб норозӣ буд. Эрониҳо бар ин назар ҳастанд, ки Кабирӣ сиёсатмадори аз ҳад зиёд нармтабиату муросокор аст ва аз тамоми имкониятҳои ҳизбаш истифода намекунад. Бо такя ба он пуштибониҳое, ки Кабирӣ дар Тоҷикистон дорад, метавонист Эмомалӣ Раҳмонро ба созиш водор кунад. Мисоли равшан ин худ ҳамон теъдоди беш аз якмиллионаи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мебошанд, ки буҷаи давлати Тоҷикистон ба маблағи онҳо такя дораду бисёрашон ҷонибдори ҲНИТ ҳастанд. Танҳо ин омил метавонист фишанге дар дасти Кабирӣ барои суҳбат бо ҳукуматдорон шавад. Вале раҳбарияти ҲНИТ роҳи созишро интихобу аз мақоли “Сари хамро шамшер намебурад” истифода кард. Ҳукумат қонунҳоеро қабул карду аз ҷумла рафтани то 18-солаҳо ба масоҷидро манъ кард. Вале ҲНИТ ба хотири сулҳу оромии шаҳрвандон ин ҳамаро таҳаммул кард”.

Ҳайдар Ҷамол аз қавли яке аз фаъолони наҳзатӣ дар мавриди фаъолияти ин ҳизб гуфтааст, ки ҲНИТ ду роҳи интихоб дорад: “Яке холу имётизҳо дар хориҷ ва беэътиборӣ миёни мардум ё эҳтироми мардуму фаъолияти пинҳонӣ дар дохил. Зоҳиран ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, ки ба ҷои Кабирӣ интихоб кунад”.

Раиси Кумитаи исломии Русия хулоса кардааст, ки ғолибан бо чизе метавон бархӯрд, ки барои он мубориза набурдаанд...
Мӯҳр
Сино
Дуюмбора харакати кардаи Абдулло Нури такрор шуда истодааст ...

Хар фишору тахкире нисбати ХНИТ анчом медихад хукумат Домулло Кабири САБРО пеша мекунанд !Ана окибати САБР!

Сабри бемаврид
Сабри аз хад зиёд ва бемавриди Кабириро хатто дустонаш хуш надиранд.

боби Хайдар, Парвардигор ру нагардонанд, товба кардам, ана пас, хуб нест. Парвардигор ба халки Точикистон, инсофу тайфик бо насиб куна.

Ой мардум - алхамдуллилох мо мусулмон хастем, дини ислом дорем, боз ба мо чи лозим хизби ислом!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Истиклол
Ба фикрам огои Ҳайдар Ҷамол бемор мебошанд,он кас хатман бояд аз оби тахорати "Шайх Темур"-ро нуши чон кунанд, ки то ки чинду ачинахояшон аз он кас дур шаванд.

Рустам
Гайдар Жамол аз Кабири гонорар мегирад. Барои махрум нашудан бояд интикод кунад. Аз як чизи набуда чизе сохтан окибат надорад. ХНИТ ки нолозим буд чомеаи точик онро хат зад. Ба ислом ва мусулмонони Точикистон чудои меандохт... Баста шавад бехтар.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)