Бахшҳо

Худдории Кабирӣ ва вокуниши се ноиби ӯ ба бастани ҲНИТ

Муовинони Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шарҳи пешниҳоди Шӯрои уламо барои бастани ҲНИТ ба “Озодагон” ин иқдомро супоришӣ, ҷоҳилӣ, хилофи Сарқонун ва амнияти Тоҷикистон арзёбӣ карданд. Инчунин масъулони ҲНИТ изҳор доштанд, ки алайҳи ин иқдоми зиддинаҳзатӣ даъво пешниҳод хоҳанд кард ва афзуданд, ки мақомот ҳатто бо бастани ҳизб наметавонанд маҳбубияти онро миёни мардум коста кунанд.

Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ пешниҳоди бастани ҳизбашонро аз ҷониби Шӯрои уламо фармоишӣ хонда, афзуд, ки он аз натиҷаи интихоботҳои соли 2010 ва 2015 гирифта шудааст. Ӯ муътақид аст, ки агар ҲНИТ дар интихоботи соли 2010-ум овозҳои зиёди мардумро намегирифт, мақомоти Тоҷикистон алайҳи ин ҳизб иқдом намекарданд: “Доираҳои муайяне дар ҳукумат ҲНИТ-ро ягона ҳизбе мепиндоранд, ки дар оянда метавонад барои онҳо дарди сар эҷод кунад, зеро то имрӯз шоҳидем, ки барномаҳое, ки барои беҳбуди вазъ рӯи даст гирифтаанд, амалӣ нашудаанду садҳо мушкили дигар, аз ҷумла роҳи пулакӣ пайдо шудаанд”.

Ҳайит аз он интиқод намуд, ки мақомот бисёре аз мушкилоти ҷомеаро нодида мегиранд ва ё онро ба ба ҲНИТ рабт медиҳанд, ки нишонаи бемасъулиятӣ аст: “Имрӯз ягона роҳи халосиро аз ҲНИТ дар баргузории референдум медонанд, ки бо ин роҳ албатта метавонанд наҳзатро банданд, вале наметавонанд маҳбубияти ин ҳизбро ба таври сунъӣ аз мардум дур кунанд. Ин пешниҳоди онҳо ба манфиати сулҳу амнияти кишвар нест, балки хилофи моддаи 28-и Сарқонун аст, ки фаъолияти ҳама гуна ҳизбҳоро кафолат додааст”.

Воҳидхон Қосиддин, муовини дигари раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт бастани як ҳизби сиёсӣ, ки қонунмеҳвар аст, “ҷоҳилӣ” ва зери по намудани Конститутсия аст, ки аз муқаддасоти аслии кишвар аст: “Инро бояд ҳомиёни қонун мавриди санҷиш қарор диҳанд. Дуввум ин, ки фаъолияти ҲНИТ натиҷаи созишномаи сулҳи тоҷикон аст, ки бо он ҳама ифтихор доранд ва дар моҳҳои наздик халқи тоҷик 18 солагии онро ҷашн хоҳад гирифт ва касе ҳақ надорад, ки натиҷаи созишномаи сулҳро зери суол барад. Ва сеюм мувофиқи Қонунҳои конститутсионӣ ташкилотҳои динӣ аз сиёсат ҷудоанд ва на бояд ба корҳои сиёсӣ дахолат намоянд. Аз минбари масҷид истифода намудан, барои ҳалли масъалаи сиёсӣ, ин як қонуншикании дигар аст, ки бояд шахсиятҳои вайронкунандаи қонун барои амалҳояшон ҷавоб гӯянд. Агар воқеан Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бошад, бояд қонунҳо аз ҷониби ҳама риоя шаванд. Мо интизори ҷавоби соҳибони қонун ҳастем ва даъво ҳам пешниҳод хоҳем кард”.

Саидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ низ пешниҳодро фармоишӣ хонда, афзуд, ки агар мақомот исбот кунанд, ки ҲНИТ сарчашма ё худ гунаҳкори мушкилот дар Тоҷикистон, аз қабили бекорӣ, бебарқӣ, муҳоҷирати оммавӣ ва ғайра мебошад, онҳо омодаанд худашон аз саҳнаи сиёсӣ канор раванд.

Худи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз шарҳи пешниҳоди бастани ҲНИТ худдорӣ намуд.

Ин дар ҳолест, ки 28-уми март Домулло Сайид Акбар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар хутбаи намози ҷумъа хостори расман барҳам додани Ҳизби наҳзати исломии кишвар (ҲНИТ), ягона ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Марказӣ шуд. Инчунин ӯ хост то мардум расман бо навиштани нома хостори бастани ҳизб тариқи раъйпурсии умумихалқӣ шаванд.
Мӯҳр
муосир
Хизбхои нодаркор, чи даркор. Ба Ислому Худованд бо дил наздик будан зарур аст, на зохирпарастона. Панч вакт намозма мехонаму дар рохи Худо хастам, дигар ба ман хизби исломи зарур нест.

Сабро интихоб кунед хнит
Шумо бо сабр зиндаед ку
То махкам кардана сабр сабрсабр
Бехтараш шумо номи ХНИТ ро бо сабр мубадал кунед
Хизби Сабри Мардуми Точикистон
Касе бо ман рози аст Лайкро зер кунад!!!

кулоби
Хнит хамон Хнит мемонад иншоАллох.
дини шумо ки аз сиёсат чудо аст чаро минбари дин микрафони сиёсатмардони чудо аз ди шудааст.
демократия маънояш так фикрию так хокимияти аст.
Оромиши сиёсии миллиро бархам назанед, муллохои дарбории бехирад. Минбари пайгамбари Худоро махали фитна ва душман кардани уммати паёмбар накун, хаё кун, охирате хам хаст. Ин дунё фонист эй ахли хирад.

Точик
Мухиддин Кабири худори накардаасту боз сабру тахамул кардааст. То ин вакта доим мегуфт мо ба хотири сулху амони сабру тахамул кардем ва хохем кард, пас аз инхам хаминхел мекардагистанд да. Мо хайронем ки дар кадом соха е дар кучои Точикистон сулху амони буд ва хаст ки ХНИТ заруртар аз хама кас ва хама чиз медонад. Охир хама фарзандони фарзонаи милат махбасхоро пур карданд, охир хама олимону донишмандон ватанро тарк карда рафтанд, охир хама ватандустон аз ин гуна бо ном сулху амони шахид шудан, мардум хама факиру бесаводу мухочир шуданд, аз хама чизи нодиру кимате ки Худо ба мо насиб гардондааст ин дини Ислом аст, ки хаминам хор шуд, хатто ба номуси мардум хукумат расид дигар ягон арзишхои инсоние намондааст ки поймол накарда бошад хукумат. хулоса хамаи ин муаммохо ва касофати болои мардум аз сабри зиед ва дифо накардан ба вучуд омад.

Мухиддин Кабири худори накардаасту боз сабру тахамул кардааст. То ин вакта доим мегуфт мо ба хотири сулху амони сабру тахамул кардем ва хохем кард, пас аз инхам хаминхел мекардагистанд да. Мо хайронем ки дар кадом соха е дар кучои Точикистон сулху амони буд ва хаст ки ХНИТ заруртар аз хама кас ва хама чиз медонад. Охир хама фарзандони фарзонаи милат махбасхоро пур карданд, охир хама олимону донишмандон ватанро тарк карда рафтанд, охир хама ватандустон аз ин гуна бо ном сулху амони шахид шудан, мардум хама факиру бесаводу мухочир шуданд, аз хама чизи нодиру кимате ки Худо ба мо насиб гардондааст ин дини Ислом аст, ки хаминам хор шуд, хатто ба номуси мардум хукумат расид дигар ягон арзишхои инсоние намондааст ки поймол накарда бошад хукумат. хулоса хамаи ин муаммохо ва касофати болои мардум аз сабри зиед ва дифо накардан ба вучуд омад.

мухлис
Чун як фарди мусулмон назди Худо шоҳид хоҳам шуд, ки масъулони ҳамин ҳизби "нодаркор" аз номуси мусулмонӣ дифоъ кардаву доир ба манъи наврасон аз масҷид, манъи ҳиҷоби шаръӣ барин қазияҳои доғи мусулмонони кишвар мубориза бурданд. вале он рӯз шаҳодат хоҳам дод, ки ҳамин даъвогарони "нодаркории як ҳизби исломӣ" бо вуҷуди масъули умури шаръӣ дар ҷомеа будан ғайрате аз худ нишон надоданду охирати худро ба ду пули сиёҳ фурухтанд............

Анушервон аз Хоруг
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Хар айб, ки хаст аз мусулмонии мост,
- гуфтаанд бузургони гузаштаи мо.Дар хаккикат хам бо хизбу гурухбози мо номи исломро хор кардем. онро сиёсатзада кардем. Хуб мешуд, ки ислому бандахои муминро ба ахволи худ гузошта, аз пайи ободию сарсабзии фардои кишвар мешудем. Исломро на бо хизб , балки бо калбамон дуст дорем,тоату ибодати худро барои фардои ободу зебои Точикистони азиз, ба чониби халки азизамон гузорем. Мехробу каъбаи худро дар дилхои гарми мардуми сарбаланди Точикистон чустучу кунем.Барои ин ба мо хизб не, сулху субот ва тинчиву ороми зарур асту халос.

Агар хамин ХНИТ аз майдони сиеси тамоман дур шавад як пешниходи тоза ба Кабири унвони олии Кахрамони Точикистон дода шавад Ура

асадулло
Салом
Мегуянд масчид чои сийосат нест йо сийосат палид АСТ ! Он гуломонро чи шудааст ки дар кавли худ намеистанд! Хнит хаст будет мемонад ва хохад монд иншоАллох, бо кумаки илох,и !!
Ва чунонеки сарконун кафолат додааст бояд ин конунро магар поймол мекунед сарварон!? Йо конун барои бечорагон ва мусалмонон бояд бо дилхохи худатон амали бояд шавад!
Хуб фикр кунед ки дар оянда пушаймон хохед шуд!!!

рррр
Дин ба хизб ниёз надорад. Вале мардум ба хизб ниёз дорад.

Мардум
ХНИТ не, балки ХСЧТ - Хизби сабри чумхурии Точикистон

Хамин М.Кабири худаш ба фикрам одами хамин хукумати худкомааст ба фикрам.О чи хомуш мешини Ту хез гап зан дигархо хезанд аз пуштат.имонат сустаст Кабири

Бэхзод
Аз кай боз маркази исломии Точикистон Хукуку масъулияти Прокуратураро ба ухда гирифтаасмт Домуллохои имруза алифро аз лом фарк карда наметавонанду боз даъвои худошиноси мекунанд аз намоз дур нашавед и

дед
муосир,
чаро дуруғ мегуӣ
чигуна дар роҳи Худо ҳасти роҳеро ки Худо (тавасути китобаш ва паёмбараш) таъин кардааст НАМОЗ МАСҶИД ҲИҶОБ ва ПАРҲЕЗ аз РИШВАВУ ФАСОД аст
ба фикрам роҳеро ки ту роҳи Худо мепиндори роҳи ТУРКИСТОН аст чун мо ҳамаи роҳҳо ба суи Худоро баста мебинем дар ин сарзамин!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)