Бахшҳо

Фарҳод Дарё: Қатли Фархунда -натиҷаи ноогоҳии динӣ аст

Фарҳод Дарё, овозхони маъруфи афғон, зимни мусоҳибаи худ бо Би Би Сӣ дар робита бо қазияи кушта шудани Фархунда гуфтааст, ки дар Афғонистон пас аз таҳаввулоти якуним даҳаи ахир интизори чунин ҳодисае мерафт.

Ӯ мегӯяд ҳарчанд дар тӯли солҳои ахир заминаҳо барои рушди ҷомеаи маданӣ, ҳуқуқи башар ва чизҳои дигар бештар муҳаё шуд ва Афғонистон ҳам ба дастовардҳои азиме даст пайдо кард: “Аммо, ин ҳақиқатро ҳаргиз фаромӯш накунем, ҷомеаи маданӣ ва андешаҳои ифротӣ дар канори ҳам рушд карданд. Тафовут назар ба гузашта ин аст, ки мо ба унвони як ҷомеаи огоҳтар аз дирӯз ба инояти расонаҳо метавонем аз бахши азиме аз ингуна ҳаводису ҷиноёт бохабар шавем”.

Ин овозхони саршинос мисол мезанад, ки агар дар гузашта як муллои масҷид дар ҳаққи як кӯдак кори хилофи ахлоқ мекард танҳо мардуми маҳал ё кӯча аз ӯ огоҳ мешуд ва боқии мардум он ҳодисаро дар он маҳал дафн мекарданд. Оқои Дарё меафзояд, ки ҳаводисе ба ин монанд тавассути одамоне сурат мегирад, ки расман ба ҳеч гуруҳи ифротӣ тааллуқ надоранд. “Балки бештари ин ҳодисаҳо реша дар набуди огоҳии мардум аз омӯзаҳои динӣ, масъулиятҳои шаҳрвандӣ ва ҳузури хурофот дар ҷомеа ва нақши заифи ҳукумат дар раванди ислоҳ ва тағйир дар ҷомеа аст”- мегӯяд Фарҳоди Дарё.

Ӯ ба ин суол, ки оё ҳунармандон дар ин шароит метавонанд нақше дошта бошанд, мегӯяд: “Мавзеи зан ва ҳунарманд дар ҷомеаи баста ва суннатии Афғонистон мушобеҳ ба ҳам аст. Ҳардуяшон осебпазиранд ва бештар аз ақшори дигари ҷомеа мавриди ҳуҷуми афкори ифротӣ қарор мегиранд. Пайёми ҳунарманд ба хотири ҷойгоҳаш дар ҷомеа ба зеҳнҳои омма сахт асаргузор аст ва ҳатто фаротар аз паёмҳои сиёсиву ҳукуматӣ ҳам густариш пайдо мекунад. Пас ҳунарманд дар баробари паёме, ки мефиристад масъул аст ва лозим аст ӯ худаш пештар аз фиристодани паём дарку фаҳми дурусту кофӣ аз ингуна ҳаводис ва решаҳои он дошта бошад”.

Фарҳоди Дарё таъкид мекунад, ки хуб мешуд, агар ҷомеаи мусиқии афғонӣ ҳадди ақал тавассути як паёми муштарак мавзеи худро дар қиболи ин масъала бо ҷомеа шарик месохт, вале бо таассуф ин чиз иттифоқ науфтод.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)