Вохурии Ҳомидов бо президенти Швейтсария дар Берн
Ҷамшед Ҳомидов, сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Швейтсария бо Симонетта Соммаруга, президенти ин кишвар мулоқот кардааст.
Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, ин вохурӣ дар Берн баргузор шуда, дар он сафири нави Тоҷикистон эътимодномаи худро ба президенти Швейтсария супоридааст.
Инчунин ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистону Швейтсарияро дар заминаҳои гуногун баррасӣ карда, масоили вобаста ба рушди иқтисод ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкориҳои худ зикр кардаанд.
Дар охир ҳар ду тараф аз омодагии худ барои таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Швейтсария хабар додаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |