Мухолифати се вакил барои узвияти Абдураҳмон Қодирӣ дар парлумон

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Суғд дар пайи овоздиҳии пушидаи вакилони халқи ин вилоят интихоб гардиданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии вилояти Суғд, интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ дар ин вилоят рӯзи 27 март бо иштироки 701 намоянда баргузор шуда, дар пайи овоздиҳии пушида 5 узви палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, Раҷаббой Аҳмадзода – раиси шаҳри Хуҷанд аз шаҳрҳои Хуҷанду Истиқлол ва навоҳии Ҷаббор Расулову Спитамен, Набизода Наим-раиси шаҳри Истаравшан аз шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ғончию Зафаробод ва Шаҳристон, Ислом Шафиев – раиси шаҳри Панҷакент аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Мастчоҳ ва Раҳмон Шораҳматов - директори литсейи №3-и шаҳри Исфара аз шаҳрҳои Исфараю Конибодом ва Чкалов узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон интихоб шудаанд.
Дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии вилояти Суғд мегӯяд, дар ин интихобот ба ҷонибдории Абдураҳмон Қодирӣ – раиси ин вилоят, ки номзадии ӯ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва Маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Қайроққум ва ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуров ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуда буд, аз 701 намоянда, 698 нафар овоз дода, 3 нафари дигар раъйи муқобил додаанд ва ҳамин тариқ бо қарори Комиссияи ҳавзавии интихобот Қодирӣ соҳиби курсӣ дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |