“Рейд”: Ифшои қиморхонаҳо дар атрофи Душанбе
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 26-уми март дар пайи як амалиёт чандин ҳолати ташкили ғайриқонунии қиморхонаҳоро дар навоҳии атрофи Душанбе ифшо кардааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод муайян карда шуд, ки марди 33-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ моҳи январи соли 2015 дар ноҳияи Ҳисор ошёнаи дуюми бинои маркази савдои “Шараф”-ро ба иҷора гирифта, бо насби 27-адад дастгоҳои қиморбозӣ шаҳрвандонро ба ин амали номатлуб ҷалб мекардааст.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳолати дигари ташкили қиморхона аз ҷониби зани 46-сола дар ноҳияи Рӯдакӣ ошкор гардид, ки “ӯ аз моҳи июли соли 2014 то инҷониб як ҳавлии истиқоматииро дар ҳудуди ноҳияи мазкур ба иҷора гирифта, бо насби 45 адад автоматҳои бозии бурди пулӣ шаҳрвандонро ба қиморбозӣ ҷалб намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, инчунин аз ҷониби маъмурини милиса сокини 47-солаи шаҳри Душанбе боздошт гардид, ки “аз моҳи ноябри соли 2014 то ҳол ҳуҷраи алоҳидаи сокини ноҳияи Рӯдакиро ба иҷора гирифта, 32 адад автоматҳои бозии бурди пулиро ҷойгир карда, қиморхона ташкил намудааст”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки феълан нисбати дастгиршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт давом дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |