Бахшҳо

Бедарак шудани Ҳабибаи 15-сола дар шаҳри Душанбе

Ҳабибаи Муҳаммад, донишомӯзи 15-солаи ноҳияи Рӯдакӣ чаҳор рӯз мешавад, беному нишон гаштааст.

Муҳаммад, падари Ҳабиба рӯзи 27 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо гузашти чаҳор рӯз ҳанӯз дар бораи макони будубоши духтараш чизе намедонанд. Ба гуфтаи ӯ, Ҳабиба рӯзи 24 марти соли равон аз хона берун рафта, то ҳол барнагаштааст: “Бори охир ӯро дар шаҳри Душанбе дидаанд ва тавассути телефони як зан бо яке аз дӯстони худаш тамос гирифтааст”.

Падари Ҳабиба мегӯяд, ҳоло ҳамроҳи дӯстону наздикон дунболи пайдо кардани духтараш ҳастанд ва аз сокинон хоҳиш дорад, агар Ҳабибаро ҷое дидаанд ё дар бораи ӯ ҷизе медонанд, бо рақамҳои 917 224202 ва 917021262 занг зананд.

Ин дар ҳолест, ки Оиша Раҳматова, сокини 17-солаи ноҳияи Рудакӣ низ ҳудуди як моҳ мешавад, бедарак аст. Ӯ рӯзи 28 феврали соли равон аз хона берун рафта то ҳол барнагаштааст. Руқия Раҳматова, модари Оиша мегӯяд, дар робита ба гумшавии духтараш ба мақомоти пулис муроҷиат кардааст, вале то кунун дар бораи макони будубоши ӯ иттилое рӯи даст надоранд. Ин модари тоҷик низ аз сокинон хоҳиш дорад, агар дар бораи Оиша иттилое доранд ё ӯро ҷое дидаанд, бо рақамҳои 915 24 08 24 занг зананд.
Мӯҳр
Аз телефони зане, ки занг задааст хамон занро аввал чустучу кунед. Кучо будани духтар маълум мешавад. "Мама Роза"-хо духтарони ноболигро аз рох мебароранд.

Шамси
Макомоти точик хеч гох ин гумшудагонро пайдо нахохад кард чунки аз пайдо кардани онхо ба макомот фойда нест онхо аз пайи коре мешаванд ки ба манфиати онхо бошад

Таги чанд соли охир ки духтарои точик гайб мезананд макомот ягонтояшро пайдо накардааст

ш. Душанбе
Ба вазорати корхои дохили...ба мухтарам Рамазон Рахимзода хоиш дорем..дар рузхои наздиктарин ба мошинхои сияхшиша ягон чорахои мушахас бинанд....ва аз байн тамоман бардошта шавад...чунки ба точики асри 21-ман мофик наомад ...бовар куненд тамоми бечогардии , тезрони,безпридели, ва рабудани кудакон дар хамин дида мешавад...

перон
дар душанбе як мор пайдо шудаги хар мох як духтарро хунашро мехурад 28 феврал 27 март ояндаш 27апрел агар ..........

5759
Дар хакикат мошинхои сиехшишаро (ба чуз аз сиехкардаи заводской)манъ кардан лозим.Дар ягон чой мисли мо сиехшишахо нестанд,2-3 сомони чамъ мешавад гуфта чони шахрвандонро дар хатар нагузорем чи гуфтен.

Э Парвардигор,
о боз замони боевику большевик шуд ку.
Сабру токат ба падару модарони гумшудагон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)