Зимнан, сарчашма дар мавриди нархи ин навъи сӯзишворӣ гуфт, арзиши гази Ўзбакистон барои ҳар семоҳа вобаста ба нархи маҳсулоти нафтӣ, - мазуту газол дар биржа муайян карда мешаванд. Дар семоҳаи сеюм, ки дар арафаи анҷомёбист мо 1000 метри мукааби гази ўзбакиро бо нархи 284 доллару 33 сент харидорӣ мекунем. Барои семоҳаи охири сол нархҳо 10 – 12 рўз пас аниқ мешаванд».
Масъулини ширкати «Тоҷиктрансгаз» изҳор медоранд, ки тибқи шартнома имсол бояд аз Ўзбакистон 180 миллион метри мукааб газ харанд, аллакай ҳудуди 135 миллион метри мукаабро гирифтаанд. Дар «Тоҷиктрансгаз» таъкид карданд, ки Ўзбакистон зимни интиқол газ имсол мушкилиеро эҷод накарда, ҳаҷми дар шартномаи дутарафа пешбинишударо интиқол дода истодааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |