Ё. ҲАЛИМОВ
Атфоле, ки дар сафи “Давлати исломӣ” маҳорати ҷангӣ меомӯзанд, аллакай ба худ номи “Шерони ҷавони хилофат” ва “Атфоли хилофат”-ро касб кардаанд. Оё ин ба он маънист ки ДИ ба ҷанги дарозмуддат омода мешавад?
Дар ҳоле, ки расонаҳои тоҷикӣ аз боздошти се хонавода бо атфолашон дар роҳ ба сӯи Сурия ва пайвастан ба “Давлати исломӣ” гузориш медиҳанд, расонаҳои ҷаҳонӣ менависанд, ҳоло ҷангиёни ДИ то 400 кӯдакро омӯзиши низомӣ медиҳанд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 25 март хабар дод, ки кормандони амниятии ин кишвар се шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамроҳ бо кӯдаконашон дар шаҳри Ӯш нигаҳ доштанд. Ин шаҳрвандон иқрор кардаанд, ки мехоҳанд аз тариқи Истамбул ба Сурия раванд ва ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайванданд. Боздоштшудаҳо гуфтаанд, шахсе ношинос тавассути интернет онҳоро ба Сурия даъват кардааст. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфтааст, афроди боздоштшуда баъд аз пурсуҷӯ ба мақомоти Тоҷикистон таслим шуданд.
Аммо то кунун ҳувияти ин афрод ошкор нашудааст. Ин нукта ҳам норушан аст, ки чаро эшон бо фарзандонашон мехостанд ба Сурия бираванд. Бори аввал аст, ки хабари пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамроҳ бо атфолашон ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” расонаӣ мешавад. Вале сафи ҷангиёни ДИ аз атфол холӣ нест.
Бино бар тозатарин гузорише, ки Reuters онро 24 март бо такя ба Маркази Суриягии мониторинги риояи ҳуқуқи инсон нашр кард, дар лагерҳои омӯзишии “Давлати исломӣ” дар шимоли Сурия на камтар аз 400 кӯдак омодагии ҳарбӣ мегиранд. Наврасони то 18 солае, ки омӯзиши ҷангиро фаро гирифтаанд ба сафи зерсозмони ДИ, ки ҳудуди се моҳ қабл ташкил шуда ва номи “Атфоли хилофат” ва ё “Шерони ҷавони хилофат”-ро гирифтааст, шомил мешаванд.
Тибқи маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ, ҷангиёни ДИ атфолро бо додани пул ва ҳадяҳо ба сафи худ ҷалб мекунанд. Ҷангиён на ҳамеша ризояти волидони кӯдаконро ҷӯё мешаванд. Дар ин омӯзишгоҳҳо ба атфол тирпарронӣ, асосҳои ҷанг ва ронандагиро меомӯзонанд. Дар гузориш навишта шудааст, ки ҷангиён аз миёни атфол барои худ хабарчин ва муҳофиз омода мекунанд.
Бар асоси иттилои сомонаи Syria Mubasher, ДИ ба он хотир рӯ ба атфол овардааст, ки дар ин авохир шумори зиёди ҷангиёни худро бар асари ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои ҳарбии давлати Сурия ва неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз даст додааст. Рами Абдулраҳмон, роҳбари Маркази Суриягии мониторинги риояи ҳуқуқи инсон, изҳор доштааст, ки аз авали соли ҷорӣ ба сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” ҳамагӣ 120 нафар ҷангии болиғ пайвастааст.
Ба гуфтаи мақомоти Сурия, кӯдакони ба ҷанг омодашуда дар ҳолатҳои нодир ҳамчун “маргталаб” истифода мешаванд. То имрӯз танҳо навори ду кӯдаки наврас ба интернет роҳ ёфтааст, ки дар Алеппо таркиш барпо мекунанд. Вале дар наворҳои дигаре, ки ДИ дар интернет нашр кардааст, тифлони аз 8 то 13 солае дида мешаванд, ки асиронро сар мезананд. Ба ҷуз ин ҳолатҳо, бино бар таъйиди худи ҷангиёни ДИ, атфоли машқдидаи ин созмон ҳангоми муҳорибаҳои Кубонӣ ширкат кардаанд ва на камтар аз 30 нафар “Шерони ҷавони хилофат” фавтидаанд.
Бо ин ҳол мешавад, ҳадс зад, тифлони тоҷике, ки ҳамроҳ бо падаронашон дар роҳ ба сӯи Сурия боздошт шуданд, эҳтимол шомили сафи “Шерони ҷавони хилофат” мешуданд. Чунин тактика, яъне ба кӯдакон омӯзонидани маҳоратҳои ҳарбӣ ва онҳоро барои ҷанг омода кардан, қаблан аз сӯи Толибони Афғонистон истифода мешуд. Толибон, ки наздики 3 даҳҳа аст бо ҳукумат ва мардуми он кишвар дар ҳоли ҷанг қарор дорад, қисме аз неруҳои худро аз ҳисоби атфол таъмин мекунад.
Оё ҷамъоварии кӯдакон ва ба онҳо омӯзонидани таълимоти ҳарбӣ ба он маъно нест, ки “Давлати исломӣ” ба ҷангҳои дарозмуддат омода мешавад ва ҳар таҳдиди ин созмон ба кишварҳои дигар, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҷиддӣ асту асос дорад?!