Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷиконро аз Яман ба ҷои бехавф баред
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба тамоми сафоратхона ва намояндагиҳои кишвар дар давлатҳои арабӣ дастур додааст, то барои берун овардани тоҷикони муқими Яман талош кунанд.
Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 27 март бо таъйиди ин хабар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бо дастури Эмомалӣ Раҳмон тамоми намояндагиҳои дипломатию консулии кишвар дар давлатҳои арабӣ, аз ҷумла дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Миср вазифадор шудаанд, барои берун овардани тоҷикони муқими Яман аз тамоми имкониятҳои худ истифода кунанд. Ба гуфтаи Атоев, раисҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, то “сафоратхонаҳои кишвар дар давлатҳои мазкур барои таъмини амнияти тоҷикони муқими Яман ва баровардани онҳо аз ин кишвар, ки дар ҳоли ҳозир ноором аст, чораҳои зарурӣ андешанд ва бо ниҳодҳои дахлдори ин кишварҳо ҳамкории лозимаро анҷом диҳанд”.
Ин дастури Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки дар пайи оғоз шудани ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ бо муттаҳидонаш ба Яман тоҷикони муқими ин кишвар аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, онҳоро ҳарчи зудтар бароранд, чун ҷонашон дар хатар қарор дорад.
Абулфайз Атоев, мегӯяд, ниҳоди онҳо аз роҳҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо ширкатҳои русӣ, ки шаҳрвандони кишварро барои кор ба Яман ҷалб кардаанд, ба ҳалли ин масъала машғул мебошад. Ба гуфтаи Атоев, масъулини Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон алакай бо ширкатҳои русӣ тамос гирифта, дар пайи муайян кардани теъдоди дақиқи тоҷикони муқими Яман ва нақшаи берун баровардани онҳо аз роҳҳои дипломатӣ мебошанд: “Ҳоло мо корро шурӯъ кардаем ва талош дорем ҳарчӣ зудтар онҳоро аз роҳҳои дипломатӣ аз Яман берун орем. Албатта мушкил инҷо аст, ки онҳо бидуни мувофиқа бо мо тавассути ширкатҳои русӣ барои кор ба Яман рафтаанд ва ҳоло мо теъдоди дақиқи онҳоро гуфта наметавонем”.
Оқои Атоев афзуд, бо вуҷуди он ки шаҳрвандони кишвар бо вуҷуди ҳушдорҳои пайвастаи вазорат ва бидуни мувофиқа бо ин ниҳод озими Яман шудаанд, ҷониби Тоҷикистон бо ҳар васила барои аз қаламрави он кишвари дар ҳоли ҳозир ноамн берун карданашон талош мекунад.
Ҳамлаҳои низомии ҳавоии Арабистони Саудӣ, ки онро лигаи кишварҳои арабӣ ва Амрико ҷонибдорӣ менамоянд, рӯзи 26 марти соли равон замоне шурӯъ гардид, ки нерӯҳои қабилаи шиаҳои ҳусӣ давлат ва ҳукумати ин кишварро ғасб карданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |