Ҷилавгирии сержант Ёқубов аз худкушии Мавзунаи 27-сола
Сержанти милитсия Парвизҷон Ёқубов рӯзи 25-уми марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҷавонзан Мавзуна Зокироваи 27-соларо, ки худро ба қасди худкушӣ аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст, наҷот додааст.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, милитсионери Хадамоти таъминотии милитсияи ШВКД дар шаҳри Хуҷанд сержанти милитсия Ёқубов Парвизҷон Эркинҷонович, рӯзи 25.03.с.2015, соати 15:30-дақиқа ҳангоми пеш бурдани фаъолияти хизматӣ шоҳиди он шудааст, ки шаҳрванд Зокирова Мавзуна Давроновна, соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Б.Ғафуров бо мақсади худкӯшӣ худро аз болои пул ба дарёи "Сир" андохтааст: “Сержант Ёқубов барои наҷот додани Зокирова Мавзуна худро дарҳол ба об андохта, ба сардии оби дарё нигоҳ накарда, дар лаҳзаҳои кӯтоҳтарин Мавзунаро аз марг наҷот дод”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодисаро далели ҷасорати корманди милиса арзёбӣ карда, афзудааст, ки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои ҳимояи шаҳрвандон ҳатто ҳаёту ҷони худро дареғ намедоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |