САҲА: Номзадии Ислом Каримов дар интихобот ғайриқонунист
Нозирони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки барои назорати интихоботи президентии 29-уми марти 2015 вориди Узбакистон шудаанд, 20-уми март гузориши муқаддамотии худро дар ин бора нашр намуданд.
Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ дар гузориши ин ниҳод қайд шудааст, ки дар моддаи 90-и Конститутсияи Узбакистон муҳлати президентӣ дар ин кишвар ду давраи пай дар пай аст ва бинобарин пешбарии номзадии президенти феълӣ дар интихобот барои бори савум ғайриқонунист. САҲА аз ҷумла гуфтааст, “конститутсияи феълии Узбакистон соли 1992 қабул шуда, Ислом Каримов аз соли 1989 ин кишварро идора мекунад”.
Бино бар навиштаи САҲА, дар соли 2011 бо ташаббуси Ислом Каримов муҳлати президентӣ дар Узбакистон дубора тағйир ёфта, аз 7 сол ба 5 сол иваз гардид. САҲА дар идома меафзояд, ки мафҳуми “муҳлат” шумораи дақиқи солро нишон медиҳад, бинобарин вақте ба дунболи 7 соли президентӣ 5 соли дигар меояд, ин ду муҳлат наметавонад чун ду муҳлати пай дар пай ба ҳисоб равад. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамин тағйири муҳлати президентӣ то 5 сол ғайриқонунӣ буд. Ислом Каримов барои бори чорум аст, ки ба курсии президентӣ пешбарӣ мешавад. Интихоботи президентии Узбакистон рӯзи 29-уми март таъин шудааст ва гарчи ҳамроҳи президенти феълӣ се муддаии дигар низ ҳаст, аммо таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳеч натиҷаи ғайриқобили чашмдоштеро интизор нестанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |