Бархӯрди маргбори “Камаз” бо ду сабукрав дар Данғара
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи бархӯрди автомашинаи “Камаз” бо ду сабукрав дар ноҳияи Данғара як нафар ба ҳалокат расида, 4 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод рӯзи 24-уми март Ғоибов Шермат, ронандаи 49-сола аз шаҳри Ваҳдат ҳангоми ҳаракат ба сӯи шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди ноҳияи Данғара аз уҳдаи идора набаромада, нахуст бо мошинаш ба сабукрави “Опел астра” ва баъдан ба мошини тамғаи “Ланос”-и Чалишов Пулод, сокини 41-солаи ноҳияи Данғара бархӯрдааст: “Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи “Ланос” Чалишов Пулод дар беморхона ба ҳалокат расида, мусофиронаш- Ғоибова Хосият соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Ёвон, Амирхонов Шерхон соли таваллудаш 1955 сокини н.Темурмалик, Каримов Хурсанд соли таваллудаш 1960, сокини ноҳияи Данғара ва Исматова Бибигул соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Вахш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд”.
Вазорати умури дохилӣ таъкид мекунад, ки инчунин рӯзи 24-уми март садамаҳои маргбор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд ба қайд гирифта шудаанд, ки дар натиҷаи онҳо се нафар, аз ҷумла ду ноболиғ ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |