Дар шаҳри Норак 5 нафар дар натиҷаи заҳролудшавӣ ба касалхона интикол ёфтанд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ин шаҳрвандон пас аз истеъмоли гӯшти қиммашуда, ки аз мағозаи шахсӣ харида буданд ва аз он таом омода кардаанд, ба маризии исҳоли хунин ё дарунравӣ (отравление) гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи манбаъ, заҳролудшудангон Зафар Ҳакимови 33 сола, сокини маҳалаи Тутқавул, кӯчаи Чашма, Саъбагул Оеваи 22 сола, сокини кӯчаи Мирфозилов, Майрам Муродоваи 37 сола, сокини кӯчаи Айнӣ, Очармо Ҳафизоваи 49 сола, сокини маҳаллаи Даҳана ва ноболиғ Таманои Боймуродзодаи 14 сола, сокини ҳамон ҷо мебошанд. Айни ҳол беморон дар касалхона ба сар мебаранд ва тафтиши қазия шурӯъ шудааст.{jathumbnail off}
Мӯҳр