(АКС) Қонуншиканӣ бо $: Хурдро ҷазою калонро не?
Ширкати “Осиё Экспресс” бархе аз мошинҳояшро ба савдо бароварда, нархҳоро бо асъори хориҷӣ - $ гузоштааст. Мошинҳои “Киа оптима”, ки дар назди бинои “Автовокзал”-и Душанбеи марбут ба ин ширкат ба савдо гузошта шудаанд, 26 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ шудаанд.
Аммо Бонки Миллии Тоҷикистон нархгузорӣ ва фурӯши молу хизматрасониро дар кишвар бо асъори хориҷӣ мамнуъ гуфт ва то имрӯз мақомоти пулиси кишвар алайҳи бисёре аз соҳибкорони инфиродию шаҳрвандони қатории кишвар барои харидуфурӯши мошин бо доллар парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки ширкати “Осиё Экспресс”, ки ба Бобак Занҷонӣ, миллиардери боздоштшудаи эронӣ марбут дониста мешавад, қаблан аз ҷониби парлумону ҳукумати Тоҷикистон имтиёз гирифта, зимни воридоти мошину автобусҳо ба кишвар аз пардохти боҷи гумрукӣ озод шуда буд.
Худи Бобак Занҷонӣ, ки аз ӯ “дӯст”-и бархе аз мақомдорони тоҷик низ ном бурда мешавад, дар Эрон боздошт ва баъдан ба зиндони Эвини ин кишвар интиқол ёфт. Занҷонӣ миллиардери эронист, ки ба қавли худаш дорои беш аз 70 ширкат, аз ҷумла “Аввалин бонки сармоягузори исломӣ” дар Малайзия, саҳмдори ширкати ҳавопаймоии “Анур” дар Туркия ва “КонтБонк”-у Осиё Экспресс дар Тоҷикистон, мебошад.
Ҳоло мақомоти Эрон мегӯянд, Занҷонӣ барои "гум шудан"-и 2 миллиарду 60 миллион евро пули марбут ба Вазорати нафт, ки шахси ҳақиқӣ набояд онро дар ҳисоби худ дошта бошад ва аз он барои сармоягузорӣ истифода кунад, муттаҳам мешавад. Ин миқдор пуле, ки миллиардери эронӣ гуфтааст, онро тавассути Бонки миллли Тоҷикистон ба кишвараш интиқол дода, санад ҳам дорад. Аммо вакилони парлумони Эрон ин санадро ҷаълӣ ё қалбакӣ хонда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳам анҷоми як чунин амалиёт тавассути ин бонкро борҳо рад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |