АКС: САЙҲУН-1-умин шаҳри нави аҳди Э.Раҳмон дар дашти Сомғори Суғд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 24-уми март дар вилояти Суғд дар дашти Сомғор ва минтақаи Мирзоравоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сохтмони як шаҳри нави замонавӣ асос гузоштааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, шаҳри навбунёд бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Сайҳун ном гирифта, ба таъмини зиёда аз 40 ҳазор оила ё худ беш аз 250 ҳазор аҳолии шаҳри Хуҷанд ва шаҳру ноҳияҳои атрофи он бо манзилу шароити муосири зиндагӣ нигаронда шудааст.
Манбаъ мегӯяд, солҳои охир аҳолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Қайроққум, Чкалов ва Мастчоҳ ба зиёда аз 700 000 расидааст ва зарурати бунёди маҳаллаҳои нави аҳолинишин, аз ҷумла бо биноҳои бисёрошёнаи муосир ба миён омадааст: “Санги асоси нахустин биноҳои истиқоматӣ, ки аз 9 ва 12 ошёна иборат хоҳанд буд, дар мавзеи бунёди ин шаҳри нав аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Дар шаҳри Сайҳун 19 қасаба ё худ микрорайон, 17 муассисаи таҳсилоти ҳамагонӣ, 31 кӯдакистон ва ширхоргоҳ, 140 маркази савдою хизматрасонӣ, 40 майдонча ва толорҳои варзишӣ, терминали нақлиёти мусофиркаш ва бозору дигар зербинои зарурӣ бунёд хоҳад шуд”.
Манбаъ мегӯяд, ин мавзеи фарох дорои 14 000 га заминҳои хушку ташналаб аст, ки мавриди обёрию ободонӣ қарор гирифта, дар 3000 гектари он маҳаллаҳои истиқоматӣ бунёд меёбанд: “Дар марҳилаи аввали бунёди шаҳр дар 1000 гектар замин биноҳои истиқоматӣ, иқтимоию фарҳангӣ ва маъмурӣ сохта мешаванд. Барои бунёди ин шаҳр ва обёрию ободонии он се пойгоҳи обкашӣ сохта ба кор дароварда мешавад. Оби ҷонбахш аз ду тои онҳо, ки аллакай омада шудаанд, имрӯз бо дасти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ин заминҳои ташналаб сар дода шуд”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, ки дар 1000 гектар заминҳои атрофи шаҳри Сайҳун боғҳои интенсивии зардолую сияҳолу, ки меваҳои содиротӣ ба шумор мераванд, бунёд карда мешавад: “Обёрию ободонии ин мавзеъ дар се марҳила сурат гирифта, маҷмӯан дар 7000 гектари он боғҳои интенсивию содиротӣ қомат хоҳанд афрохт. То имрӯз аллакай дар зиёда аз 100 гектари ин мавзеъ боғҳои нав бунёд ёфтаанд”.
Ба иттилои манбаъ ҳадафи азхудкунии заминҳои нав, бунёди иншоотҳои гуногуни иҷтимоиву истеҳсолӣ, муҳайё намудани беш аз 50 ҳазор ҷойи нави корӣ ва коҳиш додани муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар аст: “Ҳоло танҳо корҳои роҳсозӣ, чароғонкунӣ ва бунёди дигар зербинои заминӣ беш аз 320 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми соҳибкору сарватманд ва дигар аҳолии ташаббускор даъват намуд, ки дар бунёди шаҳри Сайҳун, боғу токзори атрофи он, корхонаю муассисаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ фаъол бошанд, то ки ҳам худ манфиат бардоранд ва ҳам барои дигарон ҷойҳои корӣ муҳайё созанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |