Серхаридортарин китобҳои имсола дар Қирғизистон асарҳои равоншиноси тоҷик Саидмурод Давлатов эълон шудаанд.
Дар ин бора Иттиҳодияи рӯзноманигорони Қирғизистон дар як нишасти матбуотӣ дар Бишкек иттилоъ додааст.Бино ба қавли як масъули баландпояи ин ниҳод, дар тӯли ҳашт моҳи ахир беш аз сад ҳазор китоби ин муаллиф ба фурӯш рафтааст. Китобҳои Саидмурод Давлатов таҳти унвонҳои “Фалсафаи мӯрча” (Философия муравя), “Ба нодон муҳаббат, ба доно эҳтиром” (Дураков любят, а умних уважают), “Қавонини рӯҳонии сарват” (Духовние законы богатства), “Кӯдаки нобиғаи ман” (Мой гениалный ребёнок), “Дастури комёбӣ” (Формула успеха), “Ман ва пул” (Я и денги) аслан ба забони русӣ таҳия ва чоп шудаанд. Дар ин китобҳо ин равоншиноси тоҷик ба хонандагон меомӯзад, ки аз нигоҳи равонӣ бояд бо масоили молӣ чи гуна бархӯрд дошта бошанд.
Андешаи таълифи китобҳои равоншинохтӣ дар Маркази байналмилалии рушди инсон, мавсум ба “Само”, таҳти раёсати оқои Давлатов ба вуҷуд омадааст. Ин созмон ҳудуди ҳафт сол боз дар қаламрави кишварҳои Қирғизистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон фаъолият дорад ва масъулонаш бо истифода аз ин китобҳо барои алоқамандон давраҳои омӯзишӣ баргузор мекунанд.
Сайидмурод Давлатов, зодаи Тоҷикистон буда, ҳамагӣ 33-сол дорад. Ӯ рисолаи номзадии худро дар бахши равоншиносӣ дар донишгоҳи Маскав ҳимоя карда, унвони доктори илмро дар Сербистон дифоъ намуд .{jathumbnail off}
Мӯҳр