Туҳфаи пулии президент ба собиқадорони меҳнати Файзобод
Панҷ тан аз собиқадорони меҳнат аз ноҳияи Файзобод ба хотири Иди Наврӯз аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои пулӣ дарёфт кардаанд.
Тавре аз ҳукумати ноҳияи Файзобод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ҳазор сомонӣ ба Қудратулло Файзуллоев, Раҷабмурод Алиев, Моҳраҷаб Азизова, Гулрухон Шодиева ва Абдуҷаббор Абдуллоевро намояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ – Зафар Сангов ва раиси ноҳия – Имомназар Каримиён тақдим кардаанд.
“Зафар Сангов зимни супоридани туҳфаҳо изҳор дошт, ки собиқадорони меҳнат ҳамеша зери таваҷҷуҳи президенти кишвар қарор дошта, меҳнати софдилонаи онҳо баҳри пешрафти кишвар ҳамеша қадрдонӣ мешавад”,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |