Маслиҳати Эмомалӣ Раҳмон ба Пулотов барои бунёди корхонаи мурғи гӯштӣ дар Қайроққум
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки ба хотири иштирок дар ҷашни Наврӯз ба вилояти Суғд сафар кардааст, субҳи имрӯз, 23 март аз шаҳри Қайроққум дидан намуд.
Тавре дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ин ҷо раисиҷумҳур дар расми ифтитоҳи як бинои панҷошёна ва ду корхонаи саноатӣ иштирок намудааст. Манбаъ мегӯяд, бинои бисёрқабата бо ташаббуси Турсуной Зокирова, як соҳибкори маҳаллӣ бунёд шудааст. Хонуми Зокирова гуфтааст, 10 хонаи онро ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои ниёзманд ройгон тақдим мекунад: “Калидҳои ин хонаҳо ба соҳибони хуштолеашон аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва худи соҳибкорзан супурда шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар расми баҳрабардорӣ аз се коргоҳи нав, ки бо ташаббуси Исроилхӯҷа Самандаров дар дар назди ширкати Фаровони шаҳри Қайроққум сохта шудаат, иштирок кардааст. “Когоҳҳо яке барои истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ ва ду коргоҳи дигар барои тавлиди маҳсулоти бинокорӣ пешбинӣ шудаанд”,-хабар медиҳад дафтари матбуотии президент ва меафзояд, “коргоҳи хӯроки омехтаи чорво, мурғ ва моҳӣ имкон дорад, ки дар 1 шабонарӯз то 30-35 тонна маҳсулот истеҳсол намояд”.
Ба иттилои манбаъ, дар коргоҳи маҳсулоти бинокорӣ масолеҳи бозоргири ин соҳа, ки ҳоло аксаран аз хориҷи кишвар ворид мегардад, истеҳсол шуда, то андозае имкон медиҳанд, ки бозори дохилӣ бо молу ашёи ватанӣ таъмин шавад: “Дар яке аз ин коргоҳҳо ҳар моҳ беш аз 3000 м2 панелҳои гуногун барои бинокорӣ ва дар коргоҳи дуюм моҳона аз зиёда аз 60 тонна метал конструксияҳои оҳанӣ омода карда мешавад”.
Дафтари матбуотии президент мегӯяд, иншооти сеюми ҷашнӣ дар шаҳри Қайроққум, ки бо рафти фаъолияти он Эмомалӣ Раҳмон шинос шуд, корхонаи мурғпарварии Дӯстони соҳибкори маҳаллӣ -- Даврон Пӯлотов мебошад: “Ин корхона барои парвариши 100 ҳазор сар мурғи тухмӣ бунёд ёфта, имкон дорад, ки дар як сол ба бозор беш 15 миллион дона тухми мурғ пешниҳод намояд. Дар навбати аввал чӯҷаҳо аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар ҳамин ҷо калон карда мешаванд. Ҳоло аз 5 бино (модул) 4 тояш пурра омода ва бо мурғ пур карда шудааст. Бинои панҷуми корхона ҳам бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, вале ҳоло бо мурғ пур нашудааст. Бо маслиҳати Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон соҳибкори мазкур тасмим гирифт, ки дар ин ҷо як корхонаи мурғи гӯштӣ ҳам бунёд намояд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |