Бахшҳо

Панҷшанбе Мафтун мақоми дувуми “Ситораи афғон”-ро касб кард

Панҷшанбе Мафтун, ҳунарманде, ки дар озмуни “Ситораи афғон”-и телевизиони “Тулӯъ” бо сурудҳои маҳаллии тоҷикони Бадахшони Афғонистон баромад мекард, мақоми дувумро касб кард. Мақоми аввал дар ин барнома насиби Алии Соқӣ гардид.

Панҷшанбе Мафтун дар марҳилаҳои гуногуни озмун бо бартариҳои зиёде аз рақибони худ ҳамеша пешсаф буд ва баҳои баландро аз доварони барнома соҳиб мешуд. Соли гузашта низ як ҳунарманди дигари Бадахшон -- Довуди Пажмон то марҳилаи чорбеҳтарини ин озмун расида буд.

Панҷшанбе Мафтун бошандаи вулусволии Ишкошими Бадахшони Афғонистон ва аз шогирдони маҳаллихони маъруфи дигар Афғонистон -- Мири Мафтун мебошад, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводорони зиёде дорад. Дар марҳилаи ниҳоӣ рақиби ӯ Алии Соқӣ, як афғони муҳоҷире, ки аз Суидан (Шветсия) дар ин лоиҳа ширкат мекард, буд.

Дар марҳилаи ниҳойии “Ситораи афғон” Панҷшанбе ҳамроҳии устодаш Мири Мафтун ҳам як оҳанги муштарак иҷро кард, ки матнаш паёми наврӯзӣ буд.

Озмуни "Ситораи афғон" аз ибтикороти телевизиони "Тулӯъ" мебошад, ки аз соли 2005 ба ин сӯ баргузор мешавад ва дар он овозхонҳои боистеъдоде аз миёни ҷавонон кашф мешаванд. Ғолибро дар марҳилаи ниҳойӣ раъйи мардум, ки тавассути паёмак аз дохил ва хориҷи Афғонистон мефиристанд, маълум мекунад.

Моҳира Тоҳирӣ дар Афғонистон: Хонаи ҳамсоя хонаи ман аст

Имсол бори даҳум аст, ки “Тулӯъ” ин лоиҳаи худро баргузор намуд. Дар қисмати финалии “Ситораи афғон” Моҳира Тоҳирӣ, хонандаи попи тоҷик ҳам ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат намуд.

Ӯ дар ин барнома, таронаи "Майлиш"-ро иҷро кард ва ровии "Ситораи афғон" гуфт, ин суруд дар Афғонистон шунавандаи зиёд дорад. Моҳира изҳор дошт, ин таронаро барои вай Амирҷон Сабурӣ, яке аз хонандаҳои саршиноси афғон тақдим кардааст.

Моҳира Тоҳирӣ дар идома гуфт, ҳарчанд дар Наврӯз дар Тоҷикистон ҳузур надорад, аммо инҷо ҳам худро бегона ҳис намекунад: "Хонаи ҳамсоя хонаи ман аст".
Мӯҳр
Ин бехонаву дар албата хонаву шахру дигар мамлакатро хонаи худам мегуянд. Онхоро хамин афгонхову эрониву туркхо мухлиси накунанд дар Точикистон на сурудашро гуш мекунанду на эътирофаш


ормон
охитр дар Точикистон шунаванда ки надори дар Афгонистон чавлон мезани дае

Мохира ягон майда хофизаи хуб хаммнест бигузор дар Авгонистон истад
тамоман наояд хечкас мунтазираш нест.....

589
Тилвизиуни Тулуъ вокеан диданист алъон бо формати НД пахш мешавад авгонон дар ин соха хеле пеш рафтаанд.спутники экспресс ам22







т

Боки
Мафтун ба мо точикон чи дахл дорад точикон навои точики счуруд хонда наметавонанд

Мохира шояд мардаки афгон шавхарать бошад

Тутихон
Озодагон агар ту минбаъд ба чунин мавзуъхои паст даст занги хеч кас туро намехонад ва эътироф хам намекунад

Тасвир
хануз дар асри 16 як саёхи Фаронсави, ки минтакаи Осиёи миёнаро гардиш карда ва ба расму оинхо ва зиндагии мардуми ин минтака ошно шуда буд, дар ёддоштхои худан мегависад, ки кадимитарин ва бузургтарин миллат дар Осиёи миёна точикон хастанд, вале ин мардум як феъли ачиб ё хеле бад доранд, ки худкуши бегонапарастанд.
ин маризии точонро хатто дар асри 16 дарк кардаанд. Мохира як духтари точик аст, хох дар Афгонистон бошад ва ё хох дар Точикистон.
шумо чанд нафар бе фархангу бесавод токати хеч чизро надоред ва мутаасифона шуури фахмишу дарк карданро хам надоред. хайфи шумо ки точик хастед. Худованд ин бешуурони бегонапарастро аз миёни миллати бечораи точик бардор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)