Тоҷикистониён Наврӯзро дар ҳавои гарму бебориш таҷлил мекунанд
Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯяд, сокинони кишвар рӯзҳои наврӯзиро дар ҳавои гарму бебориш хоҳанд гузаронид.
Ба иттилои ин марказ, рӯзи 21 марти соли равон ҳаво дар ҷумҳурӣ камабру бебориш пешбинӣ шуда, шабона аз 9 то 11 ва рӯзона аз 21 то 23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Манбаъ меафзояд, 21 марти соли равон ҳаво рӯзона дар вилояти Хатлон 20-21 дараҷа, вилояти Суғд 17-19, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 19-21, ғарби ВМКБ 9-13, дар шарқи ВМКБ 3-5 ва шаҳри Душанбе 23-25 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзи 22 март ҳавои софу бебориш дар назар буда, шабона 11-13 дараҷа ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар мавриди боду ҳавои имрӯз, 20 март, ба иттилои манбаъ, дар саросари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаю камбориш дар назар буда, рӯзона ба ҳисоби миёна аз 14 то 16 дараҷа гарм ва бегоҳӣ каме бориш дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |