Э. Раҳмон дар бораи ҳамла ба осорхонаи “Бардо”-и Тунис
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми март бо ирсоли барқияи тасаллият ба раисиҷумҳури Тунис, Ал-Боҷӣ Қоид ас-Сибси амали террористии мудҳишро дар осорхонаи “Бардо”-и ин кишвар маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст, “бо андуҳи бузург хабари таассуфангези амали террористии мудҳишро дар осорхонаи «Бардо»-и кишвар, ки боиси шаҳодати зиёда аз бист нафар сайёҳони хориҷию шаҳрвандони Тунис ва захмӣ шудани теъдоди зиёди мардуми бегуноҳ гаштааст, дарёфт намудам. Ин ҳодисаи фоҷиабор зарурати идомаи муборизаи муташшакилу беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд”.
Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори таъзия ва тасаллият ба тамоми мардуми дӯсти Тунис, аз раисиҷумҳури ин кишвар хоҳиш кардааст, ки “ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбоншудагон бирасонанд”. Раисиҷумҳури Тоҷикистон барои маҷрӯҳшудагон шифои комилро орзу намудааст.
Ҳамла ба осорхонаи “Бардо”-и Тунис, рӯзи 18-уми март сурат гирифт, ки дар пайи он беш аз 20 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷруҳ гардиданд. Расонаҳои Ғарб мегӯянд, масъулияти ҳамла ба осорхонаро гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба уҳда гирифтааст. Миёни ҳалокшудагон сайёҳон аз Испания, Австралия, Итолиё, Лаҳистон, Фаронса, Колумбия ва Ҷопон низ ҳастанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |