Манбаъ афзуд, то 1 сентябри соли 2011 дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорони ватанӣ 20 адад нерӯгоҳҳои хурди барқӣ бо иқтидори умумии 2,5 ҳазор кВт сохта ба истифода дода шуд, ки дар маҷмӯъ 1 ҳазору 841 хоҷагӣ ва 12 адад биноҳои маъмуриро бо қувваи барқ таъмин менамоянд. Гуфтанист, сохтмони 17 адад нерӯгоҳи барқи обии хурд, ки иқтидори умумиашон 7,9 ҳазор кВт мебошад, ҳоло идома дорад.
Маврид ба тазаккур аст, ки нерўгоҳи хурди обии «Марзич», ки ахиран дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд ба истифода дода шуд, 256 –умин буда, миёни нерўгоҳҳои хурди Тоҷикистон бо иқтидори 4,3 мегаватт калонтарин маҳсуб меёбад. Ин нерўгоҳ бо маблағгузории давлат ва қарзии Бонки исломии рушд сохта шуда, арзиши сохтмони он зиёда аз 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.{jathumbnail off}
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |