Поёни тафтишоти парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудов то чанд рӯзи дигар
Вакилони мудофеи Ҷамолиддин Маҳмудов, узви боздоштшудаи Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯянд, интизор меравад, ҳафтаи равон тафтишоти парвандаи зерҳимояашон ба итмом расад.
Зарафо Раҳмонӣ, яке аз се вакили мудофеи ҷаноби Маҳмудов рӯзи 20 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, эҳтимол дорад, ҳафтаи равон тафтишоти парвандаи оқои Маҳмудов ба поён расад. Хонум Раҳмонӣ, ки се рӯзи пеш бо зерҳимояи худ мулоқот кардааст, вазъи ӯро хуб арзёбӣ карда, афзуд, то ҳол аз чизе шикоят накардааст: “Ҷаноби Маҳмудов аз фишор ё чизе дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба мо шикоят накардааст ва вазъаш ҳам хуб аст”.
Ҷамолиддин Маҳмудов дар баробари узви Раёсати олии ҲНИТ будан, бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон намояндаи ин ҳизб дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар буд. Ӯ рӯзи 10 феврали соли равон аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт гардид. Ин ниҳод бо нашри изҳороте боздошти ин узви аршади ҲНИТ дар арафаи интихоботи парлумонии кишварро шарҳ дода, гуфт, дар манзили истиқоматии Латиф Сардорови 60-сола, истиқоматкунандаи деҳаи Чуқураки Болои ҷамоати Навободи ноҳияи Ҳисор ду таппончаи тамғаи Макаров, чор тирдон, 51 дона тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ ёфт ва мусодира кардаанд, ки ба гуфтаи Сардоров ба Ҷамолиддин тааллуқ доштааст.
Вале Шӯрои сиёсии ҲНИТ бо нашри изҳороте боздошт ва кушода шудани парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷамолиддин Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот донист ва аз Эмомалӣ Раҳмон хост, “бо дарназардошти нақши шахсии оқои Маҳмудов дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қазияи мазкурро зери назорат бигирад".
Ҷамолиддин Маҳмудов ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, рӯзи 13 феврали соли равон Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе қарори то ду моҳ дар боздоштгоҳ мондани ӯро содир кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |