Бахшҳо
20 мар 2015 10:32Тоҷикистон / Тема дня

Сафари Раҳмон ба Хуҷанд ва ифтитоҳи беш аз 30 иншоот

Бахшида ба иди Наврӯз ва сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд беш аз 30 иншоот, аз қабили биноҳои истиқоматию корхонаи истеҳсолӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Маъруф Мамадҷонов, муовини раиси шаҳри Хуҷанд рӯзи 20 март дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як қатор иншоот ва Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ баъд аз таҷдиду бозсозӣ шахсан иштирок хоҳад кард.

Ба гуфтаи Мамадҷонов, қарор аст, бо ҳузури раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Хуҷанд биноҳои нави қисми ҳарбии 3501-и Вазорати умури дохилӣ ва қисми сарҳадоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ду бинои истиқоматии 5 ошёна бо шумули корхонаи истеҳсолии “Порсои Хуҷанд” ва бинои нави “Тоҷиксодиротбонк” мавриди истифода қарор гиранд.

Муовини шаҳрдори Хуҷанд инчунин афзуд, бахшида ба Иди Наврӯз дар ҳудуди шаҳр чаҳор чойхонаи миллӣ ва баъзе аз иншоотҳои дигар низ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.

Бар асоси иттилои масъулини Вазорати фарҳанги Тоҷикистон имсол ҷашни асосии Наврӯзи байналмилалӣ рӯзи 22 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад. Барномаи аслии ин ҷашн соати 6-и шоми 22 март дар варзишгоҳи "Истиқлол"-и Хуҷанд бо иштироки меҳмонони хориҷӣ оғоз хоҳад шуд.
Мӯҳр
Хучанд
Ин 30 чой кушодашуда ягонташ барои пешрафти иктисоди нест? Долара паст намекуна? Ачабббб

Муъмин
Иди Навруз аз нигохи Ислом
Ба номи Худованди бахшандаи мехрубон
Хамду сано бар он Худое, ки Офаридагори замину осмонхо ва он чи ки дар замину осмонхост ва дуруду салом бар банда ва фиристодаи У, Мухаммад саллаллоху алайхи ва саллам ва олу асхобаш.
Аммо баъд: Маънои Навруз: Дар лугат (рузи нав) мебошад, яъне фаро расидани рузи нави аввали сол. Иди Навруз аз идхои мардуми форс ба шумор меравад, аввалин шахсе, ки иди Наврузро хамчун рузи аввали соли офтоби ташкил доду, онро чашн гирифт, яке аз подшохони форс шох Чамшед буд.
Иди Навруз аз нигохи ислом. Пешвоз гирифтани иди Навруз дар Ислом ба се сабаб чоиз нест:
Аввал ин ки Паёмабар саллаллоху алайхи ва саллам мефармояд: "Хар ки бо кавме худро мушобех (монанд) созад, пас у аз он кавм аст" (Ривояти Абудовуд) Ва иди Навруз иди Мачусихо (оташпарастон) мебошад, ки онро пеш аз Ислом пешвоз мегирифтанд, ба хамин хотир хар ки ин идро пешвоз бигирад, гуё худро ба он кавм (-и оташпарастон) монанд кардааст.(давом дорад)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)