Бахшҳо
30 сен 2011 04:26Хабарҳои минтақа

Ҳомид Карзай: Шояд музокирот бо ҷунбиши «Толибон» қатъ шавад

Комиссиюни вижаи тафтишотӣ, ки парвандаи қатли собиқ райисҷумҳури Афғонистон, раиси Шӯрои Олии Сулҳи ин кишвар шаҳид Бурҳониддин Раббониро ба зимма дорад, натоиҷи пешакиро эълом кард.


Бино ба қавли муфаттишон, дар куштори марҳум покистониҳо ва хадамоти махсуси Исломобод даст доранд. Расонаҳои хабарӣ ба такя ба суханони комиссияи номбурда менависанд, алъон рӯшан шудааст, ки тарҳи аз байн бурдани устод Раббонӣ аз қабл омода гардида буд.

Ҳамзамон,  Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, шоми дирӯз дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар ин бора хабар дод ва гуфт, ки рӯзҳои наздик гурӯҳи вижаи тафтишотиро ба Покистон мефиристад. Ӯ афзуд, ки агар Исломобод аз ҳамкорӣ дар ошкорсозии омилони куштори Раббонӣ сарпечӣ кунад, омода аст то ба СММ муроҷиат намояд. Ҳомид Карзай ҳамчунин гуфт, ки агар даст доштани “Толибон” дар куштори Бурҳонуддини Раббонӣ тайид шавад, музокирот бо ин ҷунбиш қатъ карда хоҳад шуд.

Ёдрас менамоем, Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон, рӯзи сешанбеи 20-уми сентябр, аснои музокира барои сулҳ бо Толибон, аз сӯи як маргталаб дар хонааш кушта шуд. Мақомоти Афғонистон он вақт ба хабаргузориҳо гуфтанд, ки як маргталаб худро фиристодаи Толибон вонамуд карда ва бо маводи мунфаҷира, ки дар дастораш гузошта буд, Бурҳониддини Раббониро куштааст.Ин хабар тамоми Афғонистонро такон дод ва дар як лаҳзаи кӯтоҳ ҳазорон нафар ба хотири сӯгворӣ ва эътироз аз қатли Раббонӣ дар назди манзили ӯ ҷамъ омаданд.

Марҳум яке аз сиёсатмадорони машҳури Афғонистон маҳсуб гардида, дар солҳои ишғоли Афғонистон ба ҳаракати муқовимат раҳбарӣ карда, Ҷамъияти исломии ӯ нерӯҳои таҳти фармони Аҳмадшоҳи Масъудро зери чатри худ дошт. Вай дар сахттарин давра раҳбари Афғонистон буд ва талоши зиёде кард, то як кишвари ҷангзадаро ба сӯи салоҳ ва осоиш пеш барад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)