150 – солагии Туғрал дар Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад
Моҳи октябри соли равон дар Тоҷикистон 150-солаги Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ шоири барҷастаи охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX-и тоҷик таҷлил мегардад.
Дар мавриди ҷашнгирии 150-солагии Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон имрӯз, 19-уми март зимни мулоқот бо зиёиён изҳор дошт ва Иттифоқи нависандагон, Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳоро вазифадор карда, ки моҳи октябри соли равон конфронси ҷумҳуриявиро бо мақсади таҷлили ҷашни 150-солагии ин чеҳраи намоёни адабии охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ баргузор намоянд ва осори ин адиби шинохтаи тоҷикро миёни наврасону ҷавонон ҳамаҷониба таблиғ намоянд.
Нақибхон Туғрал Аҳрорӣ аз шоирони намоёни адабиёти тоҷик аст, ки дар деҳаи Зоосун водии Фалғар (ноҳияи Айнӣ) 28 марти соли 1865 таваллуд ёфта, таҳсили илмро дар мадрасаҳои Самарқанд ва Бухоро давом дода, 29 июни соли 1919 аз тарафи Армияи Сурх кушта шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |