Бунёди мактаб бо 113210 доллари Ҷопон дар Темурмалик
Дар доираи кумакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик бинои як мактаби миёна барои 180 хонанда бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ин мактаб дар деҳаи “Гурулдӣ”-и ҷамоати Кушкияи ноҳияи Темурмалик воқеъ буда, бинои нав расман рӯзи 18 март бо ҳузури Йошиширо Хорие, муовини роҳбари ҳайати Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва раҳбарияти ноҳия ифтитоҳ гардидааст.
Бинои мазкур аз аз шаш синфхона ва дафтари омӯзгорон иборат буда, бо сармоягузории ҳукумати Ҷопон бар ивази 113 ҳазору 210 доллари амрикоӣ бунёд шудааст, ки дар он 180 донишомӯз таҳсил хоҳанд кард.
Дар маросими ифтитоҳи бинои мактаби деҳаи “Гурулдӣ” Мирзохон Гулмамадзода, раиси ноҳияи Темурмалик иштирок дошта, зимни суханронияш аз дастгирии ҳукумати Ҷопон изҳори миннатдорӣ кардааст.
Кумакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад, ки барои дастгирии соҳаҳои маориф ва тандурустию созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон равона шудааст.
Дар асоси ин кумакҳои бебозгашти Ҷопон ба Тоҷикистон аз соли 1996 то инҷониб 341 лоиҳа амалӣ шудааст, ки маблағи умумии он 27.6 миллион доллари амрикоро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |