Э. Раҳмон: Президентро не, кишоварзро тавсиф кунед...
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 19 март дар мулоқот бо зиёиён дар Кохи Наврӯзи пойтахт изҳор дошт, ки аҳли зиё қаҳрамононашро аз миёни мардум, аз ҷумла кишоварзон пайдо кунанд.
Ӯ аз ҷумла таъкид кард, даҳҳо бор гуфтем, президенту мансабдорони дигарро таъриф накунеду қаҳрамонони худро аз миёни мардум ёбед. Раисиҷумҳур инчунин изҳор дошт, ҳарчанд бинои парлумону шароити кории вакилони мардумӣ ба талабот ҷавобгӯй нест, ӯ онҳоро канор гузоштаасту бунёди калонтарин театри миллиро дар меҳвар қарор додааст: “Дар ин театр, ки лоиҳаашро давоми 5 сол таҳия кардем, тамоми шароит барои ҳунармандон муҳайё хоҳад шуд”.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин Кохи Наврӯзро тавсиф кард, ки давоми 6 сол сохта шуда, дасти ягон хориҷӣ ба он нарасидааст: “Ин ҷо дасти ягон хориҷӣ нест. Тамоми устоҳои миллӣ аз Рашту Бадахшону Суғд дар ин ҷо ба кор ҷалб шуданд”. Раисиҷумҳур инчунин таъкид намуд, Кохи Наврӯз аз ҳисоби буҷаи давлат сохта нашуда, барои бунёди он соҳибкоронро ҷалб кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин зиёиёнро такягоҳи худ хонда, афзуд, ин қишри ҷомеаро аз аввал дастгирӣ кардааст ва дар оянда низ дастгирӣ хоҳад кард.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар идома гуфт, дар кишвар Консепсияи миллии рушд барои то соли 2050 таҳия хоҳад шуд: “Бо мақсади муайян ва мушаххас намудани роҳу равиши ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва самтҳои асосии инкишофи мафкураи миллӣ аз тарафи олимону донишмандонамон бо дарназардошти манфиатҳои давлати миллӣ Консепсияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2050 таҳия карда шавад”.
Бо таъкиди Эмомалӣ Раҳмон вазифаи зиёиён дар таҳияи ин Консепсия аз он иборат аст, ки зимни пешниҳодоти худ ба ин консепсия прнсипи дунявиятро афзалтар бишуморанд ва барои рушди тафаккури милливу дунявӣ, забони давлатӣ ва фарҳанги пешқадами миллӣ ташаббусҳои ҷиддӣ роҳандозӣ кунанд:
“Ин консепсия бояд самтҳои асосии таҳкими давлатдории навини Тоҷикистонро барои даҳсолаҳои оянда дар бар гирифта, манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину ойин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашариро таҷассум намояд”.
Барои таҳияи ин Консепсия раисҷумҳури Тоҷикистон Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Марказҳои тадқиқоти стратегӣ ва милии қонунгузорӣ, вазорату идораҳои дахлдор ва олимону донишмандонро дъват кард, ки ба ҳукумат назароти худро пешниҳод намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон интизороти худро аз ин Консепсия чунин шарҳ додааст: “Ин консепсия бояд ба бунёди ҷомеаи муосири демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мусоидат намояд ва ояндаи рушди кишвари моро муайян гардонад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |