Додситонии кулл: Саррофон 1$-ро пинҳонӣ то 6,60 сомонӣ мефурӯшанд
Мақомоти додситонии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои фурӯши 100 доллари амрикоӣ бар ивази 650-660 сомонӣ хабар медиҳанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, бо назардошти шиддатнокии болоравии қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ ҷиҳати таъмини назорати иҷрои қонунгузории танзими асъор ва назорати асъор, инчунин таҳлилу бозомӯзии бозори он, аз ҳисоби кормандони мақомоти прокуратура, милиса, амнияти миллӣ ва намояндагони Бонки миллӣ як гуруҳи корӣ таъсис дода, дар ҳудуди шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ санҷишҳои муштарак анҷом додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин санҷишҳо беш аз 192 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор шуда, нисбат ба гунаҳгорон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд. Маъмултарини ин қонуншиканиҳо ҳолатҳои хариду фурӯши молу маҳсулот дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷӣ, бидуни иҷозатнома машғул шудан ба фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ ва интиқоли ғайриқонунии асъор аз ҷониби нафарони алоҳида ба хориҷи кишвар огуфта мешавад.
Додситонии кишвар мегӯяд, ҳарҷанд рӯзҳои ахир қурби расмии хариди як доллар аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, яъне Бонки миллии Тоҷикистон то 6,28 сомонӣ ва фурӯши он то 6,30 сомонӣ муқаррар гардид, аммо дар нуқтаҳои фурӯш ғайриқонунӣ бо арзиши нисбатан баланд фурӯхта мешавад: “Гузашта аз ин, ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки дар тахтаи эълонҳо қурби асъор аз рӯи меъёри муқарраркардаи бонк дарҷ шуда бошад ҳам, дар вақти муроҷиати мизоҷон ягон нуқтаи фурӯш бо нархҳои пешбинигардида асъори хориҷиро нафурӯхта ё худ иброз медоранд, ки гӯё асъори хориҷӣ надошта бошанд”. Ин ниҳод меафзояд, чанд ҳолати фурӯши 100 доллари амрикоӣ бар ивази 650-660 сомониро ошкор сохтаанд.
Манбаъ дар баробари ин иттилоъ аз қонуншиканӣ чанд нафар ҳам мисол задааст: “С. Ҷабборов дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон дар кӯчаи Бухоро, 37 шаҳри Душанбе ба мубодилаи асъор машғул шуда, бархилофи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” дар тамоми давраи фаъолияташ пешбурди баҳисобгирии амалиёти асъориро ба роҳ намонда, дар як вақт маблағи асъори воридшударо ба фурӯш набаровардааст”.
Дар ҳолати дигар, аз боздошти С. Ғоибзода хабар додааст, ки 14 марти соли 2015 дар назди нуқтаи фурӯши қолинҳои ҶДММ “Бозори Корвон” бе ягон ҳуҷҷати ҳуқуқдиҳанда “ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фурӯш ва ивази он машғул шуда, аз шаҳрванд Н. Маҳмадизода 5000 рубли Федератсияи Русияро харид намуда, ба ивазаш 510 сомонӣ додааст”.
“Имрӯзҳо шахсони алоҳидаи манфиатдор бо роҳҳои пинҳонӣ ба интиқоли ғайриқонунии асъор ба хориҷи кишвар машғул мебошанд, ки аз тарафи мақомоти прокуратура алакай чунин гурӯҳҳо ошкор ва нисбаташон чораҳои қатъии қонунӣ андешида шуда истодааст. Танҳо дар як чунин амалиёт ду нафар дастгир шуд, ки мехостанд 65 ҳазор доллари ИМА-ро ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд. Аз рӯи ин ҳолат аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ду нафар бо моддаҳои 259 қ.1, 263 қ.2 банди “а” ва 286 қ.3 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне барои машғул шудан ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |