Бахшҳо

Суҳбати Раҷабиён: Аз баҳсу эътирозҳо дар Фейсбук, то эронситезию бозгашт ба хатти форсӣ

Гуруҳи “Забони порсӣ” дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз гуруҳҳои серхонанда ва пурбаҳсе дар фазои Фейсбуки тоҷикӣ мебошад. Ҳадафи асосӣ ва аслии ин гуруҳ баргаштан ба хатти форсӣ дар Тоҷикистон унвон мешавад. Ҳамчунин мушкилоти забон ва баҳсу баррасии онҳо аз ҷумлаи аҳдофи ин гуруҳ хонда мешавад. Чанд муддати охир мушоҳида шуд, ки қисме бо нишони эътироз аз шеваи роҳбарӣ ва бархӯрди номувофиқ бо андешаҳояшон ин гуруҳро тарк карданд. Иршод Сулаймонӣ, хабарнигори “Озодагон” бо муассиси гуруҳ, Дориюш Раҷабиён роҷеъ ба шеваҳои мудирият ва сарусадоҳои дигар пиромуни ин гуруҳ мусоҳибаи катбӣ анҷом дод.

Озодагон: Дар ин авохир як қисм аз аъзои гуруҳи “Забони порсӣ” бо шикоят аз шеваи мудирияти гардонандагони гуруҳ тарки он карданд ва дар гуруҳҳои дигар шикоётномаҳои худро низ интишор доданд. Шикваашон ин аст, ки чанд гардонанда ва аз ҷумла Шумо назари аъзои дигари гуруҳро қабул надоред ва нодуруст мешуморед ва танҳо назари худро дуруст мепиндоред. Фикр мекунед мавқеи онҳо дуруст аст?

Дориюш Раҷабиён: Фикр мекунам, унвони “як қисм аз аъзои гурӯҳи “Забони порсӣ” барои 4-5 нафаре, ки бо эътироз як гурӯҳи 10100-нафараро тарк кардаанд, андаке бузургнамоӣ бошад. Масалан, дар мавриди шикофе, ки соли 1903 дар суфуфи Ҳизби Сусиёл-Демукроти Коргарони Русия (РСДРП) падид омад ва онҳоро ба “булшевик”-у “меншевик” тақсим кард, мешавад гуфт “як қисм аз аъзои ҳизб” ҷиноҳи мухолифи аксариятро ташкил доданд. Ва шумори ин “як қисм” дар соли 1917 ҳудуди 300 ҳазор нафар баровард шуда буд. Аммо ин 4-5 муътариз ба ҳеч рӯй “як қисм аз аъзои гурӯҳ” ба шумор намеоянд, балки чанд тан аз ҳамвандони пешинанд, ки ғолибан дар гурӯҳ ҳузури хомӯш доштаанд, яъне фаъъол набудаанд ва ба далелҳое гурӯҳро тарк кардаанд. Ва фикр мекунам, кори хубе кардаанд. Чун, агар намерафтанд, саранҷом ронда мешуданд; ба далели борҳо поймол кардани муқаррароти ҳузур дар баҳсҳои гурӯҳ. Шояд худи Шумо ҳам, ки дар гурӯҳ ҳузур доред, то кунун дарёфта бошед: “Забони порсӣ” як гурӯҳи мутафовит аст. Гурӯҳест бо муқаррароти мушаххас, аммо сода; гурӯҳе бо қонуни худ, ки наметавон онро зери по гузошт. Дар ин гурӯҳ иҷоза нест дар бораи чизе ҷуз забон суҳбат кард; дар ин гурӯҳ тавҳину ҳаттокӣ, ҳамлаҳои лафзӣ, нафратпароканӣ, душному қабоҳату баддаҳанӣ, ҳамалоти шахсию маҳаллию қавмию нажодию мазҳабӣ, тафриқаафканӣ ва дур кардани гурӯҳ аз ҳадафҳои волои он мамнӯъ аст. Дар ин гурӯҳ баррасии масъалаҳои сиёсию мазҳабӣ мамнӯъ аст. Ва чун танҳо забоне, ки дар ин гурӯҳ ҳама бидуни истисно мефаҳманд, порсист, ҳамаи суҳбатҳо дар гурӯҳи “Забони порсӣ” бояд сирфан ба забони порсӣ анҷом бигиранд. Ҳамин. Ва ҳамаи афроде, ки бо эътироз гурӯҳро тарк кардаанд, ин муқарраротро зери по гузошта ва як ё чанд бор ҳушдор гирифта буданд. Инро ҳам бигӯям, ки пас аз охирин мавриди “тарки эътирозӣ” тавассути яке- ду тан (ки ҳаргиз аз ҳамвандони фаъъоли мо набудаанд ва ба далели баддаҳанӣ ё нодида гирифтани усули гурӯҳ тазаккур гирифта буданд) то ин лаҳза ҳудуди 100 тани дигар довталабона ба гурӯҳи “Забони порсӣ” пайвастаанд.

Озодагон: Бештарини онҳо мегӯянд, ки маҳз ҳамин “диктотурӣ”-и мудирони гуруҳ боис шуда, ки нафароне ҳам, ки ба сарнавишти забон зиёд мутаваҷҷеҳ буданд ва дар ин замина пажуҳиш мекарданд аз ҷамъи Шумо берун бираванд. Ва гуруҳҳои дигареро дар Фейсбук таъсис кунанду ҳамин ҳадафро дунбол намоянд. Бархӯрд ва баҳси мудиронро муаддабона намедонанд ва мегӯянд, ки ин шева онҳоро дилсард кардааст ва ҳамин пиндорро ба вуҷуд овардааст, ки гӯиё танҳо Шумо ҳастед, ки забонро медонед. Оё хубтар нест, ки онҳо дар канори Шумо бошанд?

Дориюш Раҷабиён: Агар пофишорӣ бар риъояти усули гурӯҳро “диктотурӣ” медонанд, мушкил дар дарки онҳо аз мафҳумҳои “ҳанҷорпазирӣ” ва “истибдод” аст. Зимнан, гурӯҳи “Забони порсӣ” аз маъдуди гурӯҳҳои фейсбукии Тоҷикистон аст, ки ҳузури мухолифони дидгоҳи ғолибро ба ҷон мепазирад. Дар воқеъ, ҳузури мухолифон барои тарҳи ҷузъитари ҳадафҳои гурӯҳ ҳаётист. Як чунин ҳолате дар бисёре аз гурӯҳҳои дигар мушоҳида намешавад ва як изҳори назари сода, аммо мухолифи дидгоҳи мудирони гурӯҳҳои мавриди назари Шумо кофист, ки ронда шавед. Яъне ҳамин одамоне, ки мудирияти “Забони порсӣ”-ро ба диктотурӣ муттаҳам кардаанд, ҳар касеро, ки бо тарҳи мантиқии мавзӯъ дар мақоми мухолифат бо дидгоҳи онҳо қарор гирифта, аз гурӯҳҳояшон рондаанд. Ин иттифоқест, ки мо таҷруба кардаем. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки ҳеч як аз афроде, ки бо эътироз аз гурӯҳи мо рафтаанд, ихроҷ нашудаанд. Сирфан дар баҳс кам овардаанд ва натавонистаанд бо мантиқи баҳсҳои гурӯҳ рӯбарӯ шаванд ва саранҷом тасмим гирифтаанд бо фарёд гурӯҳро тарк кунанд; бо ин пиндори воҳӣ, ки рафтани онҳо гурӯҳро тикка-пора хоҳад кард. Зеро он чанд тан дар бораи худ пиндорҳои бузургманишонаи ғарибе доранд. Аммо дар “Забони порсӣ” риъояти адаби муъошират шарти ҳузур дар гурӯҳ аст. Бархурди муаддабона бо тарафи муқобил аз шеваҳои нигоришест, ки дар гурӯҳи “Забони порсӣ” ниҳодина шуда ва хушбахтона, дар ҳоли густаришу нуфуз дар бархе аз гурӯҳҳои дигар ҳам ҳаст. Дарҳои гурӯҳи “Забони порсӣ” бар рӯи ҳамаи касоне, ки нигарони сарнавишти забонамон ҳастанд, боз аст. Муътаризони имрӯз ҳам борҳо пас аз тарки гурӯҳ ба он баргаштаанд ва имрӯз ҳам, агар баргарданд, мумонеъате нахоҳад шуд. Агар пазирои ҳадафҳои гурӯҳ ва усули ширкат дар баҳсҳои он бошанд, далеле нест, ки аз боз омадани онҳо истиқбол нашавад.

Озодагон: Яке аз ҳадафҳои бунёдии гуруҳ баргашт ба хатти порсӣ дар Тоҷикистон хонда мешавад. Аммо ман чун як узви гуруҳ кардам, ки ҳоло иқдомоти Шумо дар сатҳи фейсбукӣ боқӣ мондаанду халос. Оё нияте доред, ки дар ин замина бо Кумитаи забон ва истилоҳот ё Ҳукумати Тоҷикистон вориди муколама шавед?

Дориюш Раҷабиён: Пас мушоҳидаи ҷаноби олӣ дақиқ набудааст. Ҳатман дидаед, ки гурӯҳи “Забони порсӣ” ҳамарӯза ба даҳҳо пурсиши забонии аъзояш посухи сареъу дақиқ медиҳад ва матнҳои баланду кӯтоҳро барои ниёзмандон тарҷума мекунад. Гурӯҳи “Забони порсӣ” эълом кардааст, ки барои ширкатҳои хоҳишманд тарҷумаи матнҳоро ройгон анҷом хоҳад дод ва то кунун чанд ширкат аз ин фурсат истифода кардаанд.

“Забони порсӣ” ҳамвора посдори забони расмии Тоҷикистон будааст ва борҳо бо интишори номаҳои саргушода мавзеъи садҳо нафар аз аъзои гурӯҳ дар бораи масъалаҳои забониро расонаӣ кардааст. Ин гурӯҳ, чи дар давраи раёсати Додихудо Саймиддин ва чи ҳоло, бо Кумитаи забону истилоҳот, иртибот дошта ва пешниҳодҳои худро ироа кардааст.

Дигар ин ки “Забони порсӣ” танҳо гурӯҳест, ки табдил ба нашрия шуд ва як чунин иттифоқе дигар рух надодааст. Маҷаллаи “Забони порсӣ”, ки то кунун панҷ шумораи он мунташир шуда, бо тарҳи истидлолҳои мантиқӣ зарурати гузори Тоҷикистон ба хатти худиро барҷаста мекунад, алифбои порсиро ба шеваи бисёр сода омӯзиш медиҳад, мушкилоти забони порсӣ дар минтақаро баррасӣ мекунад, ба пешина, имрӯз ва ояндаи забон мепардозад. Ин маҷалла хайрия аст; бо пули афроди накӯкор мунташир мешавад ва ба таври ройгон дар миёни мухотабон тавзеъ мешавад.

Афзун бар ин, тадвини 25 дарси “Порсии осон” ва ҳамрасонии он аз нахустин корҳое буд, ки дар гурӯҳ анҷом шуд. Чандин нафар аз аъзои гурӯҳ, ба эътирофи худашон, дабираи порсиро аз ҳамин дарсҳо фаро гирифтаанд. Гурӯҳи “Забони порсӣ” чанд дарси видеуии “Алифбои порсӣ” забт ва ҳамрасонӣ карда ва борҳо барномаҳои фарҳангӣ баргузор кардааст... Гурӯҳҳое, ки барои дарҳам шикастани “Забони порсӣ” таъсис шудаанд, кадом як аз ин корҳоро кардаанд? Оё афроди муътариз дар интишори маҷаллаи гурӯҳ, тадвини дарсҳо, забти видеуии дарсҳо ва баргузории барномаҳои фарҳангии он саҳме доштаанд? На. Сирфан забон бар гилоя гушудаанд ва на аз худашон коре сохтаасту на мехоҳанд касе дигар кореро анҷом диҳад.

Озодагон: Яке аз эроде дигаре, ки аз Шумо гирифта мешавад ин аст, ки мехоҳед шеваи гуфтори Теҳронро меъёр дар форсӣ қарор бидиҳед, дар ҳоле, ки дар дохили Эрон низ аз ин ки шеваи гуфтори Теҳрон дорад ба сифати меъёр қарор мегирад нигарониҳое ҳам дар сатҳи забоншиносон вуҷуд дорад. Чӣ тавзеҳе доред ба ин суол?

Дориюш Раҷабиён: Ҳақиқат аз ин қарор аст: гурӯҳи “Забони порсӣ” бо гӯишҳо сарукоре надорад ва баҳсҳои он вежаи забони меъёри навишторӣ аст. Забони порсӣ мисли ҳамаи забонҳои бостонии дигар садҳо гӯиш дорад ва донистани ҳамаи онҳо барои як порсигӯи одӣ шуданӣ нест. Яъне агар ҳар як аз мо бихоҳад бо корбурди вожагони маҳаллии худ чизе бинависад, он матлабро бештари ҳамзабононаш нахоҳанд фаҳмид. Пойбандӣ ба вожагони маҳаллӣ дар навиштор навъе таборузи тангназарӣ ва “маҳалгароии забонӣ” аст.

Аслан мо чаро ба як забон ниёз дорем? Ниёзи аввалияи мо ба забон чист? Фаҳмидани суханони дигарон ва фаҳмида шудан аз сӯи дигарон. Масалан, агар бинависам: “Дар хона як чангкашак дорам”, шояд беш аз 90 дарсади мардум дар паҳнаи порсигӯ маро нафаҳманд. Вале агар бигӯям “Дар хона як ҷорӯбарқӣ” дорам, мутмаиннан аксарияти мутлақи ҳамзабононам маро мефаҳманд. Пас бо таваҷҷуҳ ба ниёзи аввалияи мо ба забон (фаҳмидану фаҳмида шудан), ба назари Шумо, чаро бояд пойбанди вожае бошем, ки тақрибан корбурд надорад? Ҳатто дар Тоҷикистон дар зиндагии рӯзмарра касе “чангкашак”-ро ба кор намебарад ва ба ҳамон “пиласос” (пылесос) иктифо кардаанд. Далели он пойбандӣ чи чизе ҷуз “маҳалгароии забонӣ” метавонад бошад?

Асли мавзӯъ ба дарки мо аз забони порсӣ бармегардад. Агар муътақидем, ки забони мо порсӣ асту ба марзҳои сиёсии Тоҷикистон маҳдуд намешавад ва доманае бас густардатар дорад, бояд ба фикри “забони меъёр”-е буд, ки ҳамаи мардуми ин густара онро бифаҳманд. Агар забони худро бузургу фарогир медонем ва мардумони Эрону Афғонистону Узбакистону бахшҳое аз кишварҳои дигарро гӯишвари забони худамон медонем, пазирои забони меъёр ҳастем. Вале агар бипиндорем, ки забони мо хурду хор аст ва маҳдуд ба марзҳои сиёсии Тоҷикистон мешавад, бо забони меъёри порсӣ мушкил хоҳем дошт.

Мавзеъи гурӯҳи “Забони порсӣ” дар ин замина, ҳамон гуна ки аз номаш бармеояд, равшану мушаххас аст. Ин гурӯҳ пойбанди ҳақиқати торихӣ аст ва номи забони расмии Тоҷикистонро, бо вафодории тамом ба бузургони сарзаминамон, “порсӣ” (форсӣ) медонад. Яъне забони мо хурду хор нест, балки бисёр азиму паҳновар аст ва дар саросари ҷаҳон гӯишварони бисёре дорад. Барои фаҳмидану фаҳмида шудан дар як чунин ҷомеъаи паҳноваре ба забони меъёри навишторӣ ниёзи мубрам ҳаст.

Озодагон:
Аксари забоншиносон ба ҳамгунсозии вожаҳо ва истилоҳот дар забони порсӣ хушбинанд, аммо на бе шевае, ки танҳо вожаҳое пазируфта шаванд, ки дар Эрон мустаъмаланд. Яке аз мавридҳое, ки боис ба баҳсҳои доманадор ҳам дар гуруҳи “Забони порсӣ” мешавад ин аст, ки як вомвожа аз забонҳои урупоӣ, ки дар Эрон пазируфта шудааст, аммо дар дигар ҳавзаҳои забони форсӣ, фарзи мисол Афғонистон ва Тоҷикистон намунаи порсии он корбурд дорад, меъёр дониста мешавад. Танҳо ба далели ин ки дар Эрон муравваҷ шудааст. Дар ҳамин замина, фикр мекунед дар шароите, ки Эрону Афғонистону Тоҷикистон се қитъаи ҳавзаи тамаддун ва забони порсӣ имрӯз ҳадафҳои гуногун доранд ва тамаддунҳои хоси худро доранд шакл медиҳанд, то куҷо барои офаридани забони меъёр аз нигоҳи илмӣ ва сиёсӣ мантиқ вуҷуд дорад?

Дориюш Раҷабиён:
Ҳамон гуна ки пештар ҳам ишора шуд, пазируфтани як вожа ё истилоҳ далели маҳаллӣ надорад, балки ба забони меъёр бармегардад. Забони меъёрро мо ё гурӯҳе дигар таъйин намекунад. Забони меъёр вуҷуд дорад. Забони меъёр шеваи навиштори аксарият дар паҳнаи порсигӯи ҷаҳон аст. Барои намуна, ду вожаи “ҳавопаймо” ва “тайёра”-ро бигирему бибинем, ки дар паҳнаи порсигӯ бештар аз кадом як истифода мешавад. Як ҷустуҷӯи содаи интернетӣ кофист, ки басомад (“частота”)-и бештари корбурди “ҳавопаймо” собит шавад. Пас вожаи меъёр барои ин мафҳум “ҳавопаймо” аст. Ва ҳамин тавр вожагону истилоҳоти дигарро ҳам мизони басомади корбурди онҳо меъёр мекунад ё намекунад. Пас масъала сари маҳалли корбурди он вожа (Эрон, Афғонистон ё Тоҷикистон) нест, балки басомади корбурди он дар навиштаҳои порсӣ аст.

Ин ҳолат дар забонҳои ҷаҳонии дигар ҳам вуҷуд дорад. Бисёре аз вожагоне, ки дар гузашта танҳо дар дар инглисии Омрико ба кор мерафтанд, ба монанди pills, jalapenos, pants, clippers, sidewalk, grocery ва ғайра акнун дар забони рӯзмарраи мардуми Бритониё ҳам корбурд дорад. Ва ҳамин тавр баръакс, вожаҳое, ки пештар фақат “бритониёӣ” ба шумор меомаданд, акнун дар забони инглисии Омрико ва кишварҳои дигар ҳам корбурд доранд, ба монанди autumn, cheeky, fancy, flat, holiday, gap year ва ғайра. Ин вожагон ба таври табиъӣ дар ҷараёни муровидот байни ҳамзабонон дар кишварҳояшон ҷо уфтодаанд.

Ё 22 кишвари араби ҷаҳон ҳар кадом гӯишҳои худро доранд ва, масалан, як фарди таҳсилнакарда аз Яман илзоман ҳамаи суҳбатҳои як судониро намефаҳмад. Барои ин ки иртиботи забонӣ миёни ин 22 кишвар барқарор бимонад, ҳамагӣ пойбанди “ал-луғат-ул-ъарабият-ул-фусҳо” ҳастанд; яъне “забони арабии меъёр”, ки тайи беш аз 1000 соли ахир забони адабии мардумони араб будааст. Магар ҳамаи онҳо як кишвари воҳиданд ё он 22 кишвар тобеъи як хатти машйи сиёсӣ ҳастанд? На. Ҳувият як чиз асту сиёсат чизе дигар.

Пас чаро мо бояд мункири вуҷуди “забони порсии меъёр” бошем, бо ин ки шумори кишварҳои мо бамаротиб камтар ва пайванди ҷуғрофиёии мо бамаротиб мунсаҷимтар аст

Ман тарси мухолифонамон аз Эронро намефаҳмам. Манзурам режими сиёсии Эрон нест (ки барои бисёре маҳбуб нест), балки сарзамини Эрон бо мардумонаш аст. Эрон танҳо кишвари порсигӯ аст, ки афзун бар ҳифзи номи торихии худ тавонистааст ном, хат ва дастури аввалияи забони порсии навинро ҳам ҳифз кунад. Эрон танҳо кишварест, ки тавонистааст бо ҳифзи ин нишонаҳои ҳувият бештарин таваҷҷуҳро ба рушди забони расмиаш дошта бошад. Эрон кишварест, ки имрӯза бештарин оҳанги рушди интишори осори илмӣ дар ҷаҳонро дорад ва ин осор ба забони модарии мо навишта мешавад. На забон ва на мардуми Эрон барои мо бегона нестанд, ки тамоми хусумати тавҷеҳнопазири худро мутаваҷҷеҳи онҳо кунем. Хусумати як тоҷик алайҳи Эрон худситезии маҳз аст.

Дигар ин ки Эрон танҳо кишвари порсигӯст, ки дар Фарҳангистони забону адаби форсии худ ҳамвандони коршиносе аз Тоҷикистону Афғонистон ҳам дорад. На Тоҷикистон ва на Афғонистон дар кумитаҳои забони худ узвияти фаъъоли коршиносоне аз Эронро напазируфтаанд. Пас барои порсигӯён, ки забони расмии ин се кишварро як забон медонанд, сарфи назар аз маҳалли таваллуд ё иқоматашон, ҳамоно Фарҳангистони забону адаби форсии Теҳрон маркази фармон маҳсуб мешавад, ки аъзое аз Тоҷикистону Афғонистон ҳам дорад. Албатта, фаъъолияти ин ниҳод бисёр кунд аст, аммо мусаввабаҳое, ки содир кардааст, аз шинохти беҳтару бештари коршиносони он аз забони порсӣ гувоҳӣ медиҳад.

Мавзеъгирии гурӯҳи “Забони порсӣ” комилан равшану мубарҳан ва муттакӣ бар ҳақиқат аст, на эҳсосот ё ғараз. Бо таваҷҷуҳ ба ин ҳақиқат, ки имрӯза бештарин тавлидоти зеҳнӣ ба забони порсӣ дар Эрон сурат мегирад, мусалламан, басомади корбурди истилоҳоти роиҷ дар порсии Эрон бештар аст. Ҳеч як аз мухолифони дидгоҳи мо то кунун натавонистааст бо ин мантиқ муқобила кунад ва лоҷарам гурӯҳро тарк кардааст. Аммо касе, ки бо такя бар эҳсосот ва он ҳам ҳисси нафрат ё хусумат ё ҳасодат ё ҳар ҳисси дигаре изҳори назар мекунад, чигуна метавонад садоқати илмӣ дошта бошад ва “донишвар” унвон шавад? Ҳақиқатро, ҳар он чи ҳаст, бояд пазируфт.

Озодагон: Дар пайи таъсиси ин гуруҳ як маҷаллае ҳам бо номи “Забони порсӣ” дар Тоҷикистон номнавис шуд ва чанд шумора ҳам интишор шуд. Ҳоло сарнавишти он чӣ шуд?

Дориюши Раҷабиён: То кунун панҷ шумораи маҷаллаи “Забони порсӣ” бо заҳмати фаровон, аммо бо хушнудии рӯҳу равон мунташир шудааст. Ҳамон гуна ки пештар тавзеҳ додам, ин маҷалла бо пули накӯкорони гурӯҳи “Забони порсӣ” чоп мешавад ва ба ройгон дар дастраси мухотабонаш қарор мегирад. Ва албатта, ба дастандаркорони маҷалла ҳам пашизе пардохт намешавад, балки баръакс, онҳо ҳам дар ҳадди тавони худ кумаки молии худро дареғ намедоранд. Бузургтарин накӯкоре, ки дар интишори ин маҷалла саҳми молӣ доштааст, бузургвори беиддиъое бо номи Салимҷон Насриддинов аст; марде бозаргон, ки сахт нигарони сарнавишти забони модариаш аст ва дӯст дорад дар ин росто коре воқеъӣ ва мондагор анҷом диҳад. Шояд дархости ҳамёрии гурӯҳ ҳамроҳ бо ҳисоби бонкии маҷаллаи “Забони порсӣ” рӯи девори гурӯҳ ба чашми Шумо ҳам хурда бошад. Шумори андаке ба он таваҷҷуҳ карданд, аммо аз дилу ҷон моя гузоштанд ва интишори панҷ шумораи маҷалларо мумкин карданд. Яъне интишори маҷалла ба ҳамин кумакҳо вобаста аст. Тоза ҳамин чанд рӯз пеш ҳазинаи молии чопи шумораи шашуми “Забони порсӣ” ҳам фароҳам шуд ва умедворем базудӣ он ҳам ба дасти дӯстдоронаш бирасад.

Ҳамаи он афроде, ки дар интишори маҷалла саҳм доштаанд, ҳамчунон аз аъзои беиддиъо, аммо дилсӯзи гурӯҳи “Забони порсӣ” ҳастанд, ки сирфан мехоҳанд шоҳиди шукуфоии дубораи забони сарзаминашон бошанд ва дар ин росто ҳаргиз монеътарошӣ накардаанд. Касоне ҳастанд, ки дуруст ба монанди бузургонамон аз Рӯдакӣ то Айнию Зеҳнӣ, муътақиданд забони мо порсӣ аст ва бояд бо ҳамин ном шиносоӣ шавад. Тоҷиконе ҳастанд, ки гузори Тоҷикистон ба хатти худӣ (порсӣ)-ро ногузир медонанд, то ин ҳадафи ҳаётӣ бароварда шавад ва забони порсӣ бар ҷойгоҳи ростину сазовори худ бинишинад. Афроде ҳастанд, ки медонанд, Тоҷикистон бо гузор ба хатти порсӣ аз ҳар лиҳоз бурд хоҳад кард ва ҳатто ҳазинаҳои иқтисодии кишварамонро бамаротиб коҳиш хоҳад дод. Набуди забони обод ба маънои вайронии ҳама чизи як миллат аст. Ва забони мо танҳо замоне обод мешавад, ки ба бистари худ, ба дабираи порсӣ баргардад.


Имлои навиштории Дориюши Раҷабиён бетағйир нашр шудааст
Мӯҳр
ЭЭЭ Рачабиён! Чи ин кадар Булшевику Муншевик дори??? Бо сар карданиед??? Боз тафрика? Боз чудоихохи?? Хати кирили чи бади дорад???

Миллатро аз чехраи руйи бояд ташхис дод, на забон. Бо забони "порси" лулиён, яхудихо, мугултаборхо (калтаточ, карлук, лакаи, барлос....) низ гап мезананд.

эроншинос
Дориюш на танхо гуиши Техронро меъёр медонад, балки тарзи талаффузашро хам дигар кардааст.

Гуфтумони хуб. Ин сарсупурдаги ба забони ахуроии порси, арзиши ситоиш дорад ва дар торихи чоннисорихои порсигуён бечуну чаро нигошта шудааст.

Дар тан либоси аврупоиву даъвои хати форси дора... Дар гардан бабочка даъвои хати форси... Я салла напушиди агане инкадар даъво дошта боши ?

Точики тоза
узбакхо ки дируз пайдо шуданд забони узбекиву миллати узбек гуфта дагдага мекунанд. Мо Точикон бо ин таърихи 1000 сола чаро хурдо форсу порс гуем.???

Точикам бо Точикистон зиндаам!!!

некруз
Ин бача бутун эронист ку))))) ин хамадон хануз дарк накардааст ва мумкин баъди 20 сол фахмад ки забону гуфтори чаддаш Рудаки садхо хазор маротиба аз гуйиши техрониву машхади ширинтару адаби тару меъеритараст!

Эй забони порсӣ, эй дурри дарёи дарӣ, Эй ту мероси ниёкон, эй забони модарӣ.

Аз ту пайдо фарри мо, фарҳанги мо, ойини мо,
Аз ту пайдо рояти доноиву донишварӣ.
Кобулу Теҳрону Табрезу Бухорову Хуҷанд
Ҷумла мулки туст то Балху Самарқанду Ҳарӣ.
Ҷовидон зӣ, эй забони донишу фарзонагӣ,
То ба гетӣ нур бахшад офтоби ховарӣ.
Порсиро пос медорем, зеро гуфтаанд:
Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ.

Эроншинос
Озодагон, чаро навиштаи маро нопурра гузоштед?
"Манкурти техрони" гуфтани ман тахкир набуд, балки бахододи вазъияти Дориюш аст. Зеро бо забони адаби гап задан дигару талаффузи худро таклидкорона ба эрониён монанд кардан дигар аст.

Musafed
He kudak!!! Zaboni Porsita avval az Dari farqashro fahmon!!! Bad suhbat mekunem.

Сухбати хуб кардааст бародар Дориюш.Сипос

Cуҳбати хуб аст, аммо ба забони тоҷикӣ нест. Оғои Раҷабиён бо гуруҳи фейсбукиаш иштибоҳ мекунад, ки тоҷикиву дариву форсиро ба як меъёр даровардан мехоҳад ва ба сифати меъёр лаҳҷаи Теҳрону Машҳадро пешниҳод мекунад. Забони ноби форси забони аҳли Мовароуннаҳр буд, ки имрӯз тоҷикӣ ном дорад. Агар мо дар бораи мероси ниёгону илму адаби оламшумули асрҳои миёна сухан гӯем, забони форсии имрӯза ба меъёр ҷавобгӯ нест.

Шероз
Хамаи ин комментхо савияи дониши сохибонашонро нишон медиханд.Афсус,ки ба чуз аз суханони суфтаву пухтаи Зафар Мирзоен дигар хама харзаву бесаводона,магрурона,носанчида гуфта шудаанд.Шабакахои интернети <Либосовезак>-ро мемонанд,ки хар касу нокас либоси чиркини худро овехта меравад.90%-и назарнавиштахо наметавонанд фикри худро озодона баен кардан хол он ки мусохибае мисли Дориюш анчом бидиханд.

Dev
Doriushro hele hurmat mekunam, vale one ki lahjavu kalimahoi arabiasosi mardumi ironro zaboni mejor gufta kullan kabul kunem, in gunohest nobahshidani.Hele dustoni ironi doram,ki az zaboni adabii tojiki, tarzi talaffuzi mo kajf mekunand.

дод
дар дилам зад ин бахсхо оид ба забон. як гурухи кучаке, худро дар чое пайдо накарда мавзуи забонро хамеша бод мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)