АКС: Ҳушдори Эмомалӣ Раҳмон ба зиёиён барои ояндаи миллат ва Ватан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 19 март дар мулоқот бо зиёиён, аз донишмандон хост, аллайҳи ифротгароӣ мубориза баранд.
Дар ин мулоқот, ки дар Кохи Наврӯз идома дорад, Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, равшанфикрон вазифадоранд, барои шарҳи нуктаҳои паёми солонаи президент саъю талоши бештар намуда, барои рушди Тоҷикистон, пойдории суботи сиёсӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва таблиғи ғояҳои миллӣ талош варзанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳур, президент гуфтааст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо такя ба омӯзгорони деҳот барои баланд бардоштани мақоми зиёиёни деҳот аз ҳисоби омӯзгорон, кормандони соҳаи фарҳанг, табибон ва дигар табақаҳои иҷтимоӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошта, ки ба тарбияи олимони даврони истиқлолият бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои пешқадаму инноватсионии онҳо заминаи боз ҳам мусоидтар фароҳам хоҳанд овард. Раисиҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ҳарчанд хизмати олимон дар равшан намудани саҳифаҳои торики таърих, таблиғи осори ниёгон ва бахусус, дар баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии замони муосир назаррас аст, вале ҳамаи ин ҳанӯз кофӣ нест: “Бинобар ин, ихтирооти ба истеҳсолот алоқаманд барои мамлакати мо ниҳоят зарур буда, олимони соҳаҳои физика, кимиё, геология ва дигар илмҳои табиатшиносиву дақиқро зарур аст, ки тарзу усули фаъолияти худро ба замона мувофиқ карда, барои таҳқиқу омӯзиш ва кашфу ихтирооте, ки истеҳсолотро пеш баранд, саъю талош варзанд. Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки барои тарғиби мафкура ва ғояҳои миллӣ, таҳқиқи масъалаҳои умумиинсонӣ вобаста ба таҳаввулоти ҷаҳони муосир ва проблемаҳои рӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Таҳқиқоти ин гурӯҳи олимон, пеш аз ҳама, бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ замина фароҳам оваранд ва омилҳои дигареро, ки дар оянда ҷомеаро муттаҳид месозанд, муайян кунанд”.
Эмомалӣ Раҳмон иброз доштааст, олимон бояд ба сифати беҳтарин таблиғгарони ҷомеаи пешқадам якҷо бо омӯзгорону адибон ва дигар гуруҳҳои равшанфикрон дар маҳалҳо садди роҳи ҳар гуна ақидаҳои тундравона гардида, зиракӣ ва боҷуръатиро аз даст надиҳанд. Ӯ аз олимон хостааст, ба муқобили ифротгароиву хурофот ва ақидаву андешаҳое, ки кишварро ба қафо мекашанд, мубориза баранд ва сиёсати дунявияти давлатро ба дигарон шарҳ дода, ҷомеаро аз таъсири ҳар гуна фарҳангу мафкураи бегона ҳифз намоянд: “Мо бояд ойини мадоро ва таҳаммулгароиро, ки дар фарҳангу мафкураи халқамон асрҳо боз идома меёбад, риоя намоем. Вобаста ба ин, аз тамоми зиёиён ва умуман аҳли эҷод даъват ба амал меорем, ки арзиши таҳаммулгароиро бештар густариш бахшида, мардумро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват кунанд. Ин кор қарзи инсонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз, бахусус зиёиёни кишвар мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханронияш таъкид намудааст, ки “бори дигар зиёиёни кишварро ҳушдор медиҳам, ки фикри ояндаи миллат ва Ватани маҳбубамонро ҳаргиз аз зеҳни худ дур насозанд, ғояҳои истиқлолияти давлатӣ ва худогоҳиву худшиносии миллиро пайгиронаву боҷуръатона таблиғ намоянд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |