(ВИДЕО) Хандаи Холов, “дасти рост”-и Мулло Абдулло: Намедонам чаро боздоштам карданд...
Маъмурини пулиси байналмилалӣ ё “Интерпол” дар доираи амалиёти “Розиск” дар вилояти Свердловск, Суҳроб Холови 37-соларо боздошт кардаанд, ки аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар пайгарди байналмилалӣ эълон шудааст.
Тибқи иттилои Сарраёсати умури дохилии вилояти Свердловск, Холов аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ташкили ҳуҷумҳои мусаллаҳона дар қаламрави ҷумҳурӣ муттаҳам мешавад: “Холов, ки дар хонаи худ дар ҳузури оилааш боздошт шудааст, аз соли 1996 то 2005 дар гуруҳи ҷиноии зертобеи Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло” шомил будааст. Ӯ ҳамчун шахси муътамади раҳбари гуруҳ дар ғорати мусаллаҳонаи мардум иштирок доштааст”.
Сарраёсати умури дохилии Свердловск аз қавли ҳамтоёни тоҷикаш овардааст, Суҳроб Холов, аз ҷумла 18 июли соли 1996 дар ҳайати гуруҳ ба хонаи як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷум карда, соҳибхонаро бо автомати Калашинков маҷруҳ намуда, амволаш бо арзиши 7 ҳазор доллари амрикоӣ бо “Камаз” бурдааст: “10-уми марти соли 2014 аз ҷониби додситонии шаҳри Роғун алайҳи Суҳроб Холов, ба иттиҳоми роҳзанӣ, сӯиқасд ба куштор парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст”.
Аммо худи Суҳроб Холов дар посух ба муфаттишони рус бо табассум изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон набудааст ва намедонад, ки алайҳи ӯ чӣ айбро эълон кардаанд: "Ман намедонам, ки барои чӣ боздошт шудаам. Дар он он ҷо набудаам, аз куҷо медонам, ки маро дар чӣ айбдор мекунанд".
Маъмурини “Интерпол” мегӯянд, Холов дар ноҳияи Режевски Свердлов низ барои тақаллубкории аснод суд шудааст: “Феълан Холов дар боздошт буда, масъалаи истирдодаш дар ҳоли баррасӣ қарор дорад”. ВИДЕОИ боздошти Суҳроб Холов дар Свердловск
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |