Ифродгароӣ дар байни ҷавонон
Муҳаммади МӮСАВӢ
Асри 21 давраи тарақиёт ва пешрафти бемисли технология муосир мебошад. Та чанд моҳи ахир ҷавонони тоҷик ба ҳар гуна гуруҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳамороҳ шуда ба Давлатҳои Сурия ва Ироқ азми сафар мекунанд. Кош онҳое, ки дину ҷиҳод мегуянд ба амалҳои ваҳшиёнаи гуруҳҳо зикршуда хуб ошно мешуданд. Ба гумонам агар як фард дар дилаш заррае имон ва хиради инсони дошта бошад, аз амалҳои он инсонҳои бадсиришт дилаш реш-реш шуда аз чашмонаш ашк ҷори мешавад.
Гуруҳҳои ДИИШ исломро дар назди ҷомеаи ҷаҳони бад ном карда на ба пиронсолон раҳм мекунад ва на ба кӯдакон. Ҳамчун як фарди ҷавон барои фаҳмидани он, ки ҷавонон чаро ба ин гуруҳҳо ҳамроҳ мешаванд назарсанҷӣ, гузаронидам. Бо якчанд нафар хонавода ва дӯстони он ҷавононе, ки ба Сурия сафар кардаанд суҳбат намудам. Назарсанҷи нишон дод, ки бисёре аз ин ҷавонон ҳатто мактаби миёнаро аз синфи чор хондаанд. Раҳсипор ба сӯи хонаи як чанд ҷавони дар Суриябуда шудем ва маълум гашт, ки худи падару модари ин гуруҳи ҷавонон аз пайвастани фарзандони худ ба тимҳои ифротӣ, норозианд ва ашки чашм мерезанд. Дар рафти сӯҳбат модари яке аз инон ҷавонон қайд карда ки писарам ба муҳоҷирати меҳнати рафт ва чанде қабл як дӯсташ ба ман занг зада гуфт: писаратон Сурия ҷиҳод рафтааст!
Бояд зикр намуд, ки ҳадисҳои Пайғамбар (с) барои ҷиҳод рафтани ҷавон, агар волидайнаш дар қайди ҳаёт бошад, бояд розигии онҳо гирифта шавад. Чунончӣ ҳадисе омада, аз Абдуллоҳ бинни Ос ривояд шудааст. «Марде назди Пайғамбар (с) омада аз Ӯ иҷозаи рафтан ба ҷиҳод хост. Пайғамбар (с) фармуд: Оё волидонат зинданд? Он мард гуфт: Бале. Пайғамбар (с) фармуд: Пас ҷиҳодатро ба падару модарат анҷом деҳ!».
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |