АКС: Боздошти зани уйғур барои талоши берун бурдани асъори хориҷӣ
Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз боздошти як зани 47-сола хабар дод, ки дар талоши интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ муттаҳам мешавад.
Аз дафтари матбуотии ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, Кибриёхон Абдуллоева, истақоматкунандаи шаҳри Душанбе, миллаташ уйғур рӯзи 12 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани назорати гумрукии мусофирони хатсайри самти Душанбе-Машҳад дастгир шудааст.
Манбаъ мегӯяд, аз боздотшуда 37 ҳазору 207 доллари амрикоӣ ва 350 ҳазор тумани Ҷумҳурии исломии Эрон дарёфт шуд, ки “ягон намуд декларатсияи хаттӣ ба гумрук пешниҳод накардааст”.
Хадамоти гумрук мегӯяд, нисбати ин зан бо моддаҳои 32 қисми 3 ва 289 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне барои сӯиқасд ба ҷиноят ва қочоқ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |