Бахшҳо
18 мар 2015 09:10Ҳуқуқи инсон

Тоҷикистон: Ҳар рӯз 40 зан мавриди хушунат қарор мегиранд

Исфандиёр ҲАИТОВ

Шаҳодат Иброҳимова модари ягона духтаре аст, ки мегӯяд духтарамро бо умед ба шавҳар додам, аммо пас аз як ҳафтаи хонадоршавии духтарам хушунату зӯроварии домоду хушдоманро нисбати духтарам эҳсос намудам. Ин модари ҷабрдида мегӯяд, ман он оиларо намешинохтам ва барои ман бегона буд, аз сабаби хушдоманаш зани маълумотдор будан розӣ шудам, ки духтарам келини он хонадони онҳо гардад. Ин модари ҷабрдида мегӯяд, бо умеди он ки фарзандор шаванд шояд зиндагиашон беҳтар мешавад ман интизор менишастам, вале мутаасифона ин ҳолат бадтар гашт.


Тавре зикр медорад пас аз фарзандор гаштанаш ба хушдоманаш занг задам, ӯ аввал ваъдаи омадан карду лекин наомад, баъдан ба домодам хабар додам, ки фарзандор шудӣ, аммо ӯ ҳам майлаш гуфту дигар посух надод. Дар ин миён аз сабаби чи бошад фарзанди тавалудкардаи духтарам мурд ман боз ба домодам хабар додам, ки бачатон мурд омада баред гуфтам, дар ҷавоб гуфт ба ман даркор нест.

Духтари ин холаи Шаҳодат, ки қариб ҳашт моҳ дар хонаи шавҳар зиндагӣ намудааст сабаби асосии ҷангу хархашаро аз рашки хушдоман дида мегӯяд, ки фишору зӯроварӣ асосан аз ҳисоби хурду хӯрок сар шуд мегуфтанд, ки ту омадиву файзи хонаи мо парид. Ба хотири пешгири намудани ҳолатҳои зӯровариву шиканҷа, фишору поймолкунии ҳамагуна ҳуқуқу озодиҳои занон 19 марти соли 2013 “Қонун дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” қабул карда шуд.

Ба гуфтаи коршиносон аз қабули қонуни мазкур ду сол сипарӣ гашта бошад, ҳам аммо натиҷаи амалии ин қонун ҳоло муайян нашудааст, ки рафти фаъолияти идораҳои марбута оид ба ин ҳодиса чӣ гуна ба роҳ монда шавад. Хатюхина Татяна директори марказ оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ки “қонуни мазкур ҳоло амал намекунад, зеро механизми иҷрои қонуни мазкур муайян нашудааст, ки идораву сохторҳои марбута ба ин чи гуна амал намоянд. Дастурамали муайян барои рафти иҷрои қонун ҳоло муайян нашудааст, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба идораву мақомотҳо нафарони дахлдор бо кадом шакл ва чӣ тавр амал намоянд”.

Зӯроварӣ дар оила - кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ӯ мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад;

Ташкилоти ҷамъиятии Маркази занони Гулрухсор, ки дар шаҳри Хуҷанд воқеъ аст яке аз аввалин Маркази Бӯҳронӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб рафта аз соли 1996 ба занҳои хушунатдида машварати ёри ҳуқуқиву равонӣ мерасонад. Ва ҳамзамон барои зарардидагон ин марказ метавонанд дар паногоҳи мувақатии худ як муддат ҷойгир менамояд. Тибқи маълумоти ин марказ дар як сол зиёда аз 2600 нафар оилаҳои хушунатдида муроҷиат намуда машваратҳои зарурӣ гирифтаанд.

Омилҳои асосии сар задании муноқишаи оилавиро коршиносон вобаста ба шароити зиндагӣ гуногун арзёбӣ мекунанд тавре ҷомеашинос аз маркази занони «Гулрухсор» Насиба Шокирова мегӯяд: то давраи мутобиқшавии зан дар оилаи нав нофаҳмиҳо аз ҷониби ҳам ҷавон ҳам духтар дида мешавад. Вале сабаби асосии гирифтор шудан ба хушунат ин муаммоҳои психологӣ, нофаҳмиҳо дар оила аъзоёни он ва хешовандон, ҳисси нобоварӣ, рашк, хиёнат дузанагӣ ва ғайра мебошад. Муамммоҳои иқтисодӣ, бекорӣ, норасогии маблағ, тобеъ будани зан, масъалаҳои манзилӣ, майнӯшӣ ва нашъамандӣ, никоҳи барвақтӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва ғайра мебошанд.

Тибқи омӯзиши масъалаи зӯроварӣ ва хушунати оилавӣ аз ҷониби коршиносону мутахассисони идораҳои марбута масъалаҳои кӯчактарин ҳам тавонистааст аз зӯроварии рӯҳиву равони то ба худкушӣ оварда мерасонад.

Тибқи маълумоти омори дар соли соли 2014 беш аз 15 000 зан барои ташхиси осори зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои ташхиси тиббию додгоҳии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд.

Бар пояи омори расмӣ, дар соли 2014 наздики 32 ҳазор ташхиси тиббию додгоҳии латукӯби шаҳрвандон сурат гирифтааст. Беш аз 15 ҳазори онро ташхиси занҳое ташкил медиҳад, ки баъд аз зӯроварии хонаводагӣ ба марказҳои тиббиву додгоҳӣ муроҷиат кардаанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз беш аз 40 зан дар Тоҷикистон мавриди хушунати хонаводагӣ қарор мегирад.

Тибқи мушоҳидаҳо маълум мешавад, ки бештари вақт занони ҷабрдида аз хушдоману шавҳарони хеш шикоят мебаранд ва аксаран дар ин раванд хушдоманҳоро сабабгори аслии чунин муноқишаҳо медонанд. Вале Имрӯз дар ҷомеаи суннатии тоҷик ҳодисаҳое низ кам нестанд, ки аз ҷониби келинҳо ба хушдоман зӯроварӣ ва хушунат расонида шавад.

Омори ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар чорумин зан ба хушунати оилавй гирифтор мешавад ва ҳар сол 10000 ноболиғ маъюб мегардад. Ҷамъ дар ҷаҳон аз ҳисоби занон ва ноболиғон, сеюмин марг аз хушунати оилавй ба миён меоянд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо баробари аз оқибатҳои вазнини он ҳарф задану пешгирӣ намудан ва ҳамчунин аз ҷониби шахсони дахлдору идораҳои марбута ҳамаҷониба маҳкум намудани ин ҳодиса чаро ин муаммоо ҳамоно ҳалношуда боқӣ монда дар бисёр маврид хислати манфӣ мегирад ва теъдоди онҳо баръакс меафзояд?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)