Боздошти як масъули Кумитаи дин бо иттиҳоми гирифтани пора
Як масъули Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо иттиҳоми гирифтани пора дар ҳаҷми ду ҳазор доллар дастгир шудааст.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо пахши як гузориш дар Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон аз боздоштшуда Изатулло Азизов (соли таваллудаш 1966) ном бурда гуфт, ӯ дар кумита вазифаи сармутахассиси Раёсати иттиҳодияҳои диниро бар уҳда доштааст.
Ба иттилои манбаъ, Азизов дар пайи шикояти як шаҳрванд боздошт гардидааст: "17 марти соли 2015 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия шаҳрванд А. бо ариза муроҷиат намудааст, ки нисбат ба корманди кумитаи дин бо номи Изатулло чораи қонунӣ андешанд. Чунки ӯ барои ба сафари ҳаҷ фиристодан ба ғайр аз боҷи давлатӣ, ки 3700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, боз иловагӣ ду ҳазор доллар амрикоӣ ба сифати пора талаб карда истодааст".
Манбаъ мегӯяд, 18 марти соли равон зимни анҷоми як амалиёт Изатулло Азизов баъди гирифтани ду ҳазор доллар дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дастгир ва далелҳои шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.
Дар ин гузориш Азизов ба гуноҳи худ иқрор карда гуфт, бо вуҷуди он ки ба ҳаҷ фиристодани одамон ба масъулияти ӯ дохил намешавад, аз як шаҳрванд барои мусоидат ба фиристодан ба Хонаи Худо маблағ гирифт.
Агентӣ мегӯяд, ҳоло нисбати дастгиршуда бо моддаҳои 32, қисми 3, 319 қисми 1- Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |