Нашри китоби нави Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Наврӯз
Нашриёти “Адиб” китоби нави Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро бо номи “Наврӯз-шиносномаи миллат” ба нашр расонид.
Бар асоси иттилои расмӣ дар китоби нави Эмомалӣ Раҳмон паёмҳои наврӯзӣ ва суханрониҳои ӯ дар ҷашни Наврӯз ба табъ расидаанд. Ҳамчунин дар ин китоб аксҳои гуногуне аз ҷашнгириҳои Наврӯз дар ҳар гӯшаи Тоҷикистон ҷо ёфтаанд.
Теъдоди нашри китоб ду ҳазор нусха гуфта мешавад.
Наврӯз соли 2010 бо пешниҳоди як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, ки ин ҷашнро ба таври расмӣ таҷлил мекунанд, бо қарори Маҷмааи Созмони миллали муттаҳид мақоми байналмилалӣ пайдо кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |