Бахшҳо

Кумакхоҳии такрории духтарони боздоштшудаи тоҷик аз сафорат

Сайёра Муҳаммадова, як муҳоҷирдухтари тоҷик аз вилояти Брянски Русия зимни як суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ки ҳамроҳ бо чанд ҷавонзани тоҷики дигар бештар аз 50 рӯз дар як боздоштгоҳ беасос нигоҳдорӣ мешаванд. Қаблан “Озодагон” дар бораи ин қазия як маводи дигар ҳам ба нашр расонда буд, аммо Сайёра мегӯяд, то кунун маълум нест, ки онҳоро, кай ба Ватан мефиристанд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ қарори ихроҷашон аз Русия барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар барвақт содир шудааст.

Ҳоло ба гуфтаи Сайёра дар ин боздоштгоҳи муваққатӣ бештар аз даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд ва сарнавишти онҳо норӯшан боқӣ мондааст.

Сухангӯйи сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммади Эгамзод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки ба сабаби ин ки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия зиёд мебошад ва Русия ҳам як кишвари паҳновар аст сафорат наметавонад дар мавриди ҳама шаҳрвандон иттилоъ дошта бошад.

Муҳаммади Эгамзод мегӯяд, ки агар ин шаҳрвандон имкон дошта бошанд, ба сафорат муроҷиати расмӣ намоянд ё ҳадди ақал касе аз хешу табори онҳо аз номашон ба мо муроҷеъ шаванд, то мо дар ҳалли ин қазия ба онҳо кӯмак намоем: “Агар касе аз хешу табори онҳо дар Маскав ба мо муроҷиат намояд ва қазияро ба шакле, ки ҳаст барои мо маълум кунад, мо имкон пайдо мекунем, ки бо мудохилаи расмӣ дар ин қазия барои рафъи мушкили онҳо мусоидат намоем. Ё ин қазияро тавассути торнигори расмии Сафорати Тоҷикистон дар Русия барои мо бо ҷузъиёташ бинависанд”.

Сайёра Лаълбекова яке дигар аз тоҷикдухтароне, ки дар ин боздоштгоҳ нигоҳдорӣ мешавад ба мо гуфт, ки онҳо дар боздошгоҳ мебошанд ва имкони муроҷиати расмиро ба унвонии сафорат надоранд: “Мо хоҳиш дорем, ки ҳамин шикояте, ки мо ба расонаҳо бурдаем сафорат ҳамин шикояти моро ба унвони муроҷиат бипазирад ва барои ҳалли қазияи мо талош намояд”.

Лаълбекова афзуд, “бештар аз 50 рӯз мешавад, ки дар ин боздоштгоҳ нигоҳ медоранд моро. Мо ҳарчанд, дархост мекунем, ки моро ба Тоҷикистон бифиристанд, вале масъулин мегӯянд, ки мо ба Тоҷикистон дархости расмӣ фиристодем, агар таъйид шавад, ки Шумо воқеан шаҳрвандони Тоҷикистон мебошед, мо, Шуморо ба Тоҷикистон мефиристем. Вале аз таҷрибае, ки аз аввали боздошт то кунун ба мо ин ҳарфҳоро мегӯянд гумон меравад, ки мо дар инҷо бештар бимонем. Барои ҳамин аз Сафорати кишварамон дар Русия тақозо дорем, то мусоидат кунад, ки мо тезтар ба Ватан баргардем”.

Сайёра Муҳаммадова мегӯяд, ки шароити ин боздоштгоҳ бисёр тоқатфарсост ва онҳо дар вазъи ногуворе дар ин ҷо ба сар мебаранд.

Қазияи ин Сайёра ва дигар ҳамроҳонашон ин аст, ки онҳо барои убури марз, ки яке аз талаботи қонунгузорӣ барои ҳузур дар Русия аст, ба Украина рафта буданд: “Он ҷо ҳама хуб буд, санадҳоро муҳр заданд, вале дар роҳи бозгашт дар Русия моро сарҳадбонон боздошт намуда, дар ҳуҷҷатҳоямон муҳри мамнуъулвуруд заданд. Ҳозир моро дар боздоштгоҳи муваққатии вилояти Брянск нигоҳ медоранд”,-мегӯянд онҳо.

Ба гуфти Лаълбекова, танҳо дар утоқи онҳо се зани тоҷик нигоҳдорӣ мешавад, дар маҷмуъ шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳ беш аз 50 нафаранд. Лаълбекова бо зикри он, ки бархе аз боздоштшудагон беш аз 4 моҳ дар боздоштанд ва аллакай қарори ихроҷи ҳамаи онҳо аз қаламрави Русия ба Ватан содир шудааст, вале ҳеч не ки фиристода шаванд.

Абулфайз Атоев, сардори Раёсати иттилоот, таҳлил ва тарҳрезии Вазарати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар суҳбат бо “TojNews” дар мавриди қазияи ин шаҳрвандони Тоҷикистон баъди ҳамагӣ 10 рӯзи боздошташон гуфта буд: “Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дурбини махсусе надорад, ки тамоми Русияву Укроинро назорат кунад ва дар бораи ҳодисаҳои он маълумот дошта бошад. Акнун, ки шумо муроҷиат кардеду мо хабардор шудем, мо ин иттилоъро месанҷем. Агар воқеият дошта бошад, бо ин масъала масъулини сафорати Тоҷикистон дар Маскав машғул мешаванд”.

Вале ба иқрори ин шаҳрвандони Тоҷикистон, бо сипарӣ шудани беш аз 40 рӯз аз суҳбати ин масъули баландпояи Вазорати корҳои хориҷӣ касе онҳоро суроғ накардааст.
Мӯҳр
масхарасафорат
Ин вазифаи сафорат аст ки аз шахрвандонаш новобаста аз онки мурочиат мекунанд ё не кумак намояд. Магар ин хам дипломатия шуд? хатто як кори одди аз дастатаон намеояд.

Дарвеш
Ба инхо расман мурочиат карда гарданата кач карда хело зора задан даркор да

донишчу
Атоев хап мешишти хубтар буд.

.
Аввалаш ин ки зани мусалмон танхо ба кишвари бегона сафар карданаш нодуруст аст. Дуюмаш ин ки конуни он чоро вайрон накунед. Сеюмаш ин ки депорт шудед, бисер кори хуб мешавад. Омада фарзандонатонро тарбия кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)