Кӯмакхоҳии Тоҷикистон аз БОР дар буҳрони иқтисодӣ
Тоҷикистон дар пасманзари афзоиши таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди кишвар хостори дастгирии бештар аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд шудааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин нукта, имрӯз, 18-уми март дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Умеш Кумар, директори иҷроияи Шӯрои директорони Бонки осиёии рушд баррасӣ шудааст. Дафтари матбуоти Президент мегӯяд, интизор меравад, ки Бонки осиёии рушд барои татбиқи Нақшаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон кумак кунад.
Ба иттилои манбаъ дар ин мулоқот инчунин таваҷҷуҳи асосӣ ба масоили вобаста ба таҳияи Стратегияи панҷсолаи ҳамкории дуҷониба барои солҳои 2016-2020 зоҳир шудааст: “Дар доираи стратегияи мазкур тибқи Нақшаи индикативии бонк барои солҳои 2015-2017 ба Тоҷикистон зиёда аз 240 миллион доллари америкоӣ ҷудо карда мешавад”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, инчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Умеш Кумар дар мавриди имконоти маблағгузории лоиҳаҳои навсозии роҳҳои мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва Роғун-Нуробод, идома додани навсозии нерӯгоҳи Норак ва татбиқи дигар лоиҳаҳо суҳбат кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |