Барнои БЕГМАДЗОДА
Бо эълон гаштани соли 2015- соли оила, хостем аз вазъи баъзе оилаҳо, аз наздик ошноӣ пайдо намоем. Дар зимн , бояд қайд намоем, ки ҳадаф ана ҳамон « Қонуни масъулияти волдайн» аст, ки то куҷо дар миёни падару модар ҷиҳати татбиқ қарор дорад?
Имрӯз баъзе волидон, дар тарбияи фарзандони худ, бетарафиро ихтиёр намуда, масъулияти доштаашонро кайҳо боз аз хотир берун кардаанд. Мувофиқи нишондоди ШКД дар шаҳри Кӯлоб, дар се моҳи охир 50 нафар падару модарро ба ҷавобгарӣ кашидаанд, ки ин ношондод танҳо дар се моҳи охир дар шаҳри Кӯлоб аст. Аз ин ҳол маълум аст, ки дар манотиқ низ шумори муҷримволидон, боло рафта, садҳо падару модарро, ҷиҳати бемаъсулятиашон ба ҷавобгарӣ кашидаанд.
Масъалаҳое низ дар байни ноболиғон вуҷуд дорад, ки бисёр ҳам ташвишоваранд ва наметавон онҳоро нодида гирифт. Ҳарчанд нодида гирем, аммо ҷабр танҳо бар мо буда, ҷуброн низ бар дӯши мост.Таҷовуз ба номус, ҳомила шудани духтарони ноболиғ, амали нангин буда, ҷавобгарии махсусро дорост. Аммо хоҳ-нохоҳ чунин ҳолатҳо дар байни ноболиғони мо ба қайд гирифта шудааст.
Дар ноҳияи Мӯъминобод, як ноболиғи 15-16 сола (ба сабаби догдор нашудан, мо аз ифшо кардани ном ва ному насабаш худдорӣ намудем) ҳомиладор буда, бояд тифли дар батнаш бударо ба дунё орад. Аммо падари кӯдак то ҳол, маълум набуда, 8 нафарро гумонбар, барои падарӣ ба ин кӯдак медонанд. Аз миёни 8 нафар, «падари кӯдак» баъди таваллуди ӯ маълум хоҳад гашт. Барои ба дунё омадани тифл бошад, лаҳзаҳои ба шумор монда .Ҷиҳати фаҳмидани қазия ва барои дигар волидон дарс шудани ҳодиса, муроҷиат намудем ба ШВКД-и ноҳияи Мӯъминобод. Аммо муттасифона сардори шуъба Ҷаъфарзода Х.Ҳ бемор буду дар шуъба хозир шуда натавонист ва телефонӣ ба мо гуфт, ки онхоро зери гап намонем, зеро онҳо дар додани маълумот аз боло, ба гуфти худашон гап мешунидаанд. Иловатан иброз дошт, ки мо аз Кумитаи Кор бо Занони ноҳия ҷиҳати ин масъала муроҷиат намоем ва қайд намуд, ки пеши раиси ин Кумита, Разоқова Шаҳло равем. Рости аз ин хунук назарии масъулини ШКВД-ноҳия дар ҳайрат мондем ва ба назди муовини раиси ноҳия Ҷумаева Лутфия равона гаштем. Дар роҳрави ошёнаи дуюм аз овози баланди Ҷумаева, шахси коруфтодаи дари ҳукумат, ба воҳима меафтод. Дар аввал фикр кардем, ки шояд муаллима барои ягон мушкилот чунин доду фиғон дорад, аммо ба мо гуфтанд, ки усули кории Ҷумаева ҳамингуна аст, ки дидем!
Баъди муаррифӣ, ҳадафи омаданамонро ба муаллима иброз доштем, аммо хонум Ҷумаева ба як сабки хос бар худ, гуфт: «Боз ба монанди Эбола воҳима андохтаниед?!». Баъди пурра фаҳмонидани матлаб рӯ овардем, ба раиси Кумитаи Кор бо Занон, ки бевосита дар назди Ҷумаева Лутфия ҳузур дошт ва аз ӯ хостем, ки ба утоқи кориаш рафта, дар ин масъала ба якчанд суоли худ посухе гирифта бошем. «Хайрият»-гуён аз ҳуҷраи кории ин зан берун шуда, рост ба ҳуҷраи Разоқова Шаҳло рафтем. Аз маълумотҳои додаи раиси Кумита, қонеъ нашуда, аз ӯ хоҳиш намудем, ки моро ба ҳамон ҷамоате, ки ин ҳодиса, ба вуқуъ омадааст, раҳнамоӣ намоянд.
Баъди ҷустуҷуҳои зиёд мо ба ҷамоате, ки дар боло аз он ёдрас намудем, омада расидем. Муттасифона, ба ғайр аз котиби ҷамоъат дигар, касеро пайдо карда натавонистем, ки ҳадафи асливу усулии мо суҳбат бо раис ва ё муовинаш буд. Аз ҷамоъат рост ба мактабе, ки ноболиғи дар боло зикршуда, он ҷо таҳсил менамуд, равон шудем. Бо сабаби бемори вазнин будани директор мо ӯро дар мактаб пайдо накардем. Тавре худи омӯзгорон, дар суҳбат бо мо кайд намуданд, ки Маҷидова Файзигул, директории мактаб баъди ошкор шудани ҳомилагии ин хонанда, се моҳ боз бемор аст ва мо ҳам суроғи муовинаш рафтем. Дар суҳбат бо мо Ҳайитова Дилафрӯз ҷонишини тарбиявии мактаб нисбати ин ҳодиса чунин гуфт: «ростӣ, мо низ аз ин ҳодисаи нангин ғамгин шудем. Ҳодиса дар моҳи январи соли ҷорӣ ошкор шуд, ки он вакт ҳама хонандагон дар таътили зимистона буданд. Бояд гуфт,ки дар моҳи ҳафтуми ҳомиладории ноболиғ, ҳодиса ошкор шуд. Аз ин ҷо бармеояд, ки бордоршавӣ дар таътили тобистона сурат гирифта, баъди гузаштани ҳафт моҳ ошкор шуд.Хонанда шаш соат дар мактаб буда, боқимондаи вақт дар назди волидайн аст ва падару модарро мебояд нисбати рафторҳои фарзандони худ эҳтиёткор бошанд, зеро бемасъулятии онхо оқибатҳои нохубро ба бор хоҳад овард.»
Мирзоев Одина роҳбари синфи ин ноболиғ дар суҳбат бо «Пайк» чунин изҳори назар кард: «рафтори ин духтар бад набуд, гарчанде аз ҷиҳати саводнокӣ суст ҳам бошад, аммо рафтори беҷои ин хонандаро боре дар синф то ин дам мушоҳида накардам.Ҳодиса нохост ошкор шуд, ки мо омӯзгоронро ҳам ғамгин ва ҳам ҳайратзада кард.Ягон падару модар ва ягон омӯзгор ин хел шудани ҳодисаро намехохад. Афсӯс, ки кор чунин ранг гирифт ва мо омӯзгорон ва падару модарро ҳушдор месозад, ки нисбати фарзандони худ ҳаргиз хунукназари накунем ва онҳоро ба роҳи дуруст тарбия намуда, ба воя расонем.»
Дар хусуси авоқиби тиббии ҳомиладории барвақтӣ, пизишки занона Сафарова А. чунин гуфт: «ингуна ҳомиладорӣ, қобили қабул набуда, ба саломатии модари ноболиғ зарар дорад. Пеш аз ҳама ҷиҳати физиологӣ, омода набудани духтар ба ҳомиладорӣ, метавонад сабаби таваллуди пеш аз муҳлат инкишоф наёфтани кӯдак, ҳангоми таваллуд шавад. Саломатии модари ноболиғ низ бо ҳамин сабаб ҳангоми зоиш зарба дида,таваллуд мушкил сурат хоҳад гирифт. Ҳомиладории бехавф ва кӯдаки солим дар синни 25-35 солагии зан ба қайд гирифта, шудааст, ки ягон хатар ба кӯдак ва ба модараш таҳдид намекунад.»
Дар хусуси ҳомиладоршавии ноболиғони шаҳри Кӯлоб аз Ҳамидов Дилшод сардори Хадамоти Пешгирии Ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон, пурсон шудем, ки номбурда, ба мо чунин иттиллоъ дод: «дар шахри Кӯлоб ҷиноятҳои зиёде нисбати ноболиғон вучуд дорад, ки падару модари онҳоро ба ҷавобгарӣ, кашидаем. Аз ин бармеояд, ки то ҳол ба моҳияти «қонун дар бораи масъулияти падару модар» волидайни ин қабил ноболиғон сарфаҳм нарафтаанд.Соли 2011 дар шаҳри Кӯлоб ҳомиладории ноболиғе ба кайд гирифта шуд, ки баъди чораҳои зарурӣ андешидан, мо падару модари онҳоро ба ҷавобгарӣ, кашидем. Ба наздикӣ исқоти ҳамл ҳам аз ҷониби як ноболиғ ошкор гардид, ки тамоман ғайри қонунӣ буда, мо нисбати ин ҳодиса тафтишоти махсус бурда истодаем. Дар байни ноболиғон таҷовуз ба номус низ зиёд ошкор гардидаанд, ки баъзе аз онҳо ба бордоршавӣ омада расидааст. Дар ин ҳол мо танҳо волидайнро гунаҳгор дониста, нисбати чунин ҳодисаҳои нангин ба ҷавобгарӣ мекашем.»
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар нисбати ҳолатҳои ҷойдошта, падару модарон бемасъулиятӣ, зоҳир намоянд, шояд ҳомиладор шудан, исқоти ҳамл ва таҷовуз ба номус боз ҳам реша давонда, ба як мушкилӣ бузург оварда расонад. Волидайнро мебояд нисбати фарзандони худ, тарбияи дурустро ба роҳ монанд, то ояндаи фарзандонашон нек шавад. Вазифаи падару модар танҳо ба дунё овардани тифл набуда, балки хуб тарбия намудани фарзандони фарзона аст, то мояи ифтихори онхо гардад. «Шер танхо як бача мезояд, хук бошад дар як зоиш зиёда аз ҳафт хукбача». Максад аз ин гуфта дар он аст, ки бигзор модарон, мисли шер якто зоянду дуруст ба воя расонанд.