Кумитаи дин барои таҳияи либоси ҳоҷҷиён дӯзанда меҷӯяд
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон барои омода сохтани либоси ягонаи иштирокдорони маросими “Ҳаҷ-2015” тендер эълон кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи дин, дар ин тендер корхонаву муассисаҳои ватанӣ ҳаққи ширкат доранд.
Кумитаи дин меафзояд, довталабон номгӯи сару либос ва шартҳои ҷузъии тендери мазкурро баъд аз пешниҳоди дархост дастрас хоҳанд кард.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |