Дахолати Омбудсмен ба қазияи маҷруҳшавии Насриддинов
Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё худ омбудсмени тоҷик қазияи Баҳриддин Насриддинов, сарбози маҷруҳшудаи қисми ҳарбии 12019-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Душанберо зери назорат гирифтааст.
Тавре аз дафтари омбудсмени тоҷик ба “Озодагон” иттилоъ доданд, бо супориши Ализода як ҳайати ин ниҳод аз вазъи Насриддинов, ки дар Шуъбаи ҷарроҳии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон бистарӣ мебошад, хабар гирифтаанд.
Манбаъ мегӯяд, зимни мулоқот бо табибон маълум гардид, ки сарбоз Насриддинов Баҳриддин бо осеби пўшидаи вазнини косахонаи сар ба беморхона оварда шуда, зери назорати доимии табибон қарор дорад: “Масъулини қисми низомии 12019 иброз доштанд, ки тамоми доруворӣ ва лавозимоти дигар аз ҷониби онҳо саривақт таъмин карда шуда истодааст”.
Намояндагони Омбудсмен афзуданд, ки волидайни сарбоз аз муолиҷаи фарзандашон ва нигоҳубини табибон низ розӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки Насриддинов аз ҷониби як ҳамхизматаш мавриди латукӯб қарор гирифтааст ва феълан муттаҳам дар ин қазия боздошт шудааст.
Аммо дафтари Омбудсмен аз эълони гунаҳкорони ин қазия худдорӣ карда, афзуд, ки айни ҳол аз тарафи Прокуратураи ҳарбии Гарнизони Душанбе оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Қазияи латукӯби Баҳриддин Насриддинов, сокини 22-солаи шаҳри Хуҷанд , 6-уми март ба вуқуъ пайвастааст. Ӯ, ки ду соли пеш ба хизмат дар қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа ҷалб шудааст, тибқи фармони нави президент бояд моҳи оянда аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт ҷавоб дода мешуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |