Қирғизбек Қонунов: Раисиҷумҳур натавонист аз имконоти мухолифони созанда истифода кунад
Қирғизбек Қонунов, як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад, дар пайи конфронси “Пайгирии омилҳои тағйирот дар Тоҷикистон” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон ба бахши узбакии телевизиони “Садои Амрико” роҷеъ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, интихоботи парлумонӣ ва аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон гуфтааст.
Ин фаъоли ҷомеаи маданӣ, ки худро узви “Иттиҳодияи неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон” муарифӣ кардааст, дар ин суҳбат иброз дошта, “муҳите, ки дар Тоҷикистон сохта шудааст, имкониятҳои ҷомеаи шаҳрвандиро танг кардааст”.
Ӯ дар идомаи мусоҳибаи худ бо “Садои Амрико” ба вазъи аҳзоби мухолиф дар Тоҷикистон пардохта, меафзояд: “Мо мебинем, ки ба ҷуз аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон аҳзоби дигар давоми ҳизби ҳоким ҳастанд. Ин ҳизбҳо ҳаргиз иҷоза нахоҳанд дошт, дар порлумон курсиҳои бештаре дошта бошанд ва дар қонунгузориҳои муҳим саҳм бигиранд”.
Ҷаноби Қонунов дар идома мегӯяд, “мутаассифона, раиси ҷумҳур натавонист аз имконоти мухолифони созанда истифода кунад. Ба ҷойи ҳамчун шарик аз онҳо истифода кардан, онҳоро аз парлумон берун кашиданд, ки натиҷаи хубе ба бор нахоҳад овард”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Январ 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |