Бахшҳо

Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)

Дар пайи болоравии арзиши доллар ва коҳиши қурби пули миллӣ нархи орд дар Тоҷикистон низ гарон шудааст.

Ҳоло дар бозорҳои шаҳри Душанбе як халтаи 50 килоии орди навъи якум ва истеҳсоли Қазоқистон аз 185 то 190 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки нархи як халтаи 50 килоии ин навъи орд 10 рӯзи пеш 160 сомониро ташкил медод. Як халтаи орди навъи дуюм аз 170 то 175 сомонӣ дар бозорҳои пойтахт фурӯхта мешавад.

Абдураҳмон Асламов, фурӯшандаи бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт дар суҳбат бо “Озодагон” сабаби асосии гаронии нархи ордро ба болоравии арзиши доллар марбут донист. Ӯ гуфт: “Мо аслан ордро аз базаҳо мехарем ва фурӯшандаҳои яклухт, ки аз хориҷа борро мебиёранд ба мо бо қурби доллар медиҳанд, аз ҳамин лиҳоз нархҳо низ тағйир меёбад”.

Ҷӯрахон Очилов, фурӯшандаи дигари ин бозор, ки равған мефурӯшад, мегӯяд, болоравии қурби доллар дар нисбати сомонӣ на танҳо сабаби гаронии орду равған шуд, балки тамоми маҳсулоти хӯрокаро қиммат кард. Ӯ низ афзуд, маҳсулотро аз фурӯшандаҳои яклухт бо нархи асъори амрикоӣ мехаранд: “Як литр равғанро қаблан агар 6,5 сомонӣ мегирифтем, имрӯз он аз ҳафт сомонӣ зиёд шудааст”.

Дар ҳамин ҳол Саид Шаҳидов, муттахассис оид ба нархгузориҳо дар бозори “Шоҳмансур”-и пойтахт иддао дорад, ки нархҳо на баланд, балки поин рафтаанд. Ӯ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дар бозори мо нархҳо арзон шуда истодаанд. Нархи маҳсулот имсол нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хело хуб аст”.

Оқои Шаҳидов мегӯяд, ҳамин давраи соли гузашта нархи картошка то чор сомонӣ баланд шуд, аммо имрӯз 2,5 сомонӣ аст: “Нархи 50 кило орди навъи якуми истеҳсоли Қазоқистон то 170 сомонӣ аст, орди ватанӣ 160 сомониро ташкил медиҳад”.

Аммо як харидор, ки худро Ҳоҷи Саид муаррифӣ кард, гуфт, ҳамин ҳоло як халта орди навъи якумро бо арзиши 185 сомонӣ харидорӣ кардааст: “Нархи маҳсулот махсусан хурокворӣ нисбат ба моҳҳои қаблӣ хело гарон шудааст, масалан ҳамин як халта ордро як ё ду моҳ қабл 165-170 сомонӣ мехаридем, аммо имрӯз болоравии қурби долларро сабабгори ин медонанд”.

Харидорон мегӯянд, болоравии қурби доллар на танҳо ба маҳсулоти хӯрока, балки ба пӯшока ҳам таъсир гузоштааст. Баҳриддин Шарипов, як сокини пойтахт мегӯяд, рӯзи гузашта барои харидории либосҳои баҳорӣ ба бозор рафт, аммо чизе нахарид: “Бозори Корвон ва Саховати пойтахтро давр задам, нархҳо дар осмон, фурӯшандаҳо болоравии долларо баҳона мекунанд.

Ҳарчанд дар пайи дастури масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар лавҳаи нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт арзиши як доллар 6,28 сомонӣ нишон дода шудааст, вале харидории як доллар аз аксари нуқтаҳои саррофии пойтахт танҳо бар ивази аз 6,50 то 6,60 сомонӣ имконпазир аст. Дар ҳоле ҳанӯз 9 рӯзи қабл як доллари амрикоӣ дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 6,20 сомонӣ арзиш дошт.


Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)

Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)

Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)

Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)

Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)

Болоравии нархи орд ва дигар маҳсулот дар пайи афзоиши қурби доллар (АКС)
Мӯҳр
муслим
мусулмонии мо аз хаминча маълум мешавад no

65
доллар 0,02 дирам боло нархо 15 сомон боло ин чи гуна арифметика аст дар бозорхои мо касе хаст ки танзим кунад алё.бародарои магозачиен инсоф кунед мо хам фарзандони ин мантака хастем охирин фулусамонро бо боло бардоштани нарххо наситонен.

довар
Рохи пулакиро IRS ро бардоранд нарх хела мехамбад
Аз худжанд то душанбе 10 сом рохкиро барои 1 лимча орд як мошин 30 тонна орд биерад 2500 сомон ба хамин ширкат месупорад. Мархамат худатон якбор санчед. Озодагон ин гап ба шумохам дахл дорад якбор хамин масаларо бардоранд!

66
65...додар чихели 0,02 дирам. баланду нарххо 15 сом...ту худат да хами Точикистон хасти...дар ду мох доллар аз 520 ба 650 боло шуд ин магар туба шухи ми...хозир манзили зист, мошин ва дигар чизхои арзишдор бо сомони кати ту 65 гап намезанан фахмо....Доллар мегуян доллар...так что фикр кун ки бояд хаму 0,02 ту чаъм шуда доллар шавад...албатта баланд мекунан нархро ин айби фурушанда нест додар smile ин масъаларо бояд бонки милли хал намояд... муслим,

Holo shumo medoned ki boloravii narkhho az sababi qurbi
Dolar ast, baroi chi mo chorabinie nakarda istodaem...

Савдогарон камтар рахм кунед ба халки Точик мохи шарифи Рамазонда дар тамоми дунё нарххои махсулот арзон мешавад хато дар яхел чоаш бепул мешавад а шумо бошад савоб гуфта гирем нарха кимат мекунен аз Худо тарсен навсотона камтар капен ва аз Худо тарсен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)