Иршод СУЛАЙМОНӢ
Намедонам барои чӣ, вале ҳамеша одамон дар чеҳраи равшанфикрон (дар баробари ҳукумат) наҷотдиҳандаҳои худро суроғ мекунанд. Чехов ҳам гуфта буд, ки “қудрат ва наҷоти мардум дар дасти равшанфикрон аст”. Аммо, ҳоло дар Тоҷикистон, мардум ба ду “сарчашмаи наҷот” -- ҳукумат ва равшанфикрон чандон аз зовияи эътимод наменигаранд. Чаро?
Мо, фаҳмишҳо ва таърифҳои гуногуне аз равшанфикрон дорем. Як қисм ва бештар ҳукуматдорон равшанфикронро гуруҳи дипломдору унвондоре мефаҳманд, ки “бо ду дасти адаб” дар хизмати ҳокимияти иҷроия қарор доранд, ҳатто агар ҳокимияти иҷроия корҳои иштибоҳе ҳам бикунад. Тарафдорони фаҳмиши дувум равшанфикронро гуруҳе аз мухолифони ҳукумат медонанд ва аз назари инҳо равшанфикрон бояд ҳамеша дар мавқеи оппозитсиюн бо ҳукумат қарор дошта бошанд. Қисми дигар равшанфикронро гуруҳе медонанд, ки бояд, комилан аз фаҳмиш ва теуриҳои динӣ озод бошанд ва динро вориди иҷтимоъ, сиёсат ва давлатдорӣ накунанд.
Вале майдони таҷрибаҳое, ки мо ба ҳар ҳадафе истифодааш мекунем, яъне Тоҷикистон аз равшанфикрон чӣ мехоҳад? Суолест, ки посухашро равшанфикрон то кунун ба Тоҷикистону мардумаш надодаанд! Яъне, равшанфикрон дар сарнавишти миллӣ чӣ масъулияте доранд!?
Тоҷикистон дар шароити имрӯз, воқеан ба равшанфикрон ниёз дорад. Равшанфикроне, ки бо дониш, таҷриба, китоб, назария ва пешниҳодоти худ мардумро аз фақр, аз ҳамоқат, аз буҳрон, аз муҳоҷирату дарбадарӣ, аз бебарқӣ, аз беҳуқуқӣ, аз фасоди густарда наҷот бидиҳанд. Мо намегӯем, ки чунин равшанфикрон надорем, ҳарчанд ки бисёр кам дорем. Балки мушкил дар ҷойи дигар аст.
Аз нигоҳи таҷриба ва донишҳои муосир, равшанфикрон аз ҳукуматдорон болотаранд. Зеро мансабдорон маъмуранд, вале равшанфикрон мутахассис. Мутахассис мушкилро дурусттар мешиносад ва роҳи ҳалашро ҳам дурусттар пайдо мекунад. Аз ин ки равшанфикрон мардуми огаҳ мебошанд, бояд мушкилоти ҷомеаро пештар аз ҳар қишри дигар эҳсос кунад ва барои ҳал кардани мушкил садо баланд кунанд. Вале дар Тоҷикистон равшанфикрон ин корро намекунанд. Садо баланд кардан маънои мубориза бо низом, бо ҳукуматро надорад, балки ислоҳи низом аст, тавсеа ва рушди ҳукумат аст. Аз ин ки равшанфикрони мо аз ҷониби мардум васила нашуданду аз ҳукумат масъулияти саодати мардуму миллатро талаб накарданд, ҳоло ба як қишре табдил ёфтаанд, ки дар дасти маъмурини низом чун мум аз онҳо ҳар чизе сохта мешавад. Албатта, дар паҳлӯи ҳукумат будан кори баде нест, аммо огоҳона амалеро пайравӣ кардан ва кори нодурустеро дуруст талаққӣ намудан, кори бад аст.
Мо баҳсро ба ихтироот доштану надоштани равшанфикрону олимон намебарем, ҳарчанд, ки бисёр баҳси зарурист (ва ин ҳам дар замоне, ки ба гуфтаи Билл Гейтс дар ҷаҳони муосир кашфиётҳо он қадар зуд-зуд мешаванд, ки “эътибори моликияти зеҳнӣ ба андозаи муҳлати нигоҳдории банан” мебошад). Зеро дар марҳалаи ҳозир вазифаи аслии равшанфикрони мо пайдо кардани низоми дурусти рушди ҷомеа мебошад. Як низоме, ки зарфиятҳои мавҷудро барои тараққӣ кардани Тоҷикистон истифода бинмояд, на низоме, ки зарфиятҳоро дар инҳисори гуруҳи маҳдуде қарор бидиҳад. Яъне, шароити имрӯзи мо талаб мекунад, ки равшанфикрон, ҷомеаи фикриву донишгоҳӣ ва академикии мо бояд бо ҳукумат дар як муколамаи ҷиддӣ қарор бигирад (на дар мухолифат). Ҷасорат ва ҷуръате кор дорем, ки бояд ба роҳбарон мушкилот ва нуқси ҷомеа ва мудирияти нодурусту нокофияшонро рӯйирост бигӯем, то ҳам мардум аз тангдастӣ халос шаванду ҳам ҳукумат аз аҷзу сархамӣ.
Аз тарафи дигар, ҳукумат ҳам бояд пешниҳод ва фикру назари равшанфикрон ва дигарандешонро ба маънои мухолифат нафаҳмад. Бояд назари онҳоро барои ислоҳи низом, барои мудирияти хубтар ва барои ба даст овардани эътимоди мардум истифода кунад. Дар чунин шароити ҳамкорӣ ва пазириши дусӯя имкони зудтар тараққӣ додани кишвар пайдо мешавад. Вале фазое, ки ҳоло мо дорем фазои чунин ҳамкорӣ нест. Равшанфикрон, манзур ҷомеаи фикрӣ, донишгоҳӣ ва академикӣ аз мушкилоти ҷомеа, аз нуқси ҷиддии мансабдорон, аз нотавонии воқеии ҳукуматдорон камтар суҳбат мекунанд. Ба он хотир, ки агар чунин суҳбат бикунанд, ҳатман мавриди фишори мақомоти гуногун қарор мегиранд. Ин бисёр бад аст, вақте ҳукумат то ҳатто шароитро барои муколама бо равшанфикрону олимон ногувор мекунад. Мо бояд бидонем, ки яке аз нишонаҳои фарсойиш (деградация)-и давлат фишор овардан болои равшанфикрон мебошад. Ва вақте ки чунин шароит эҷод мешавад, равшанфикрон ба ду даста тақсим мешаванд:
1. Дастаи мухолиф бо ҳукумат, ки табдил мешаванд ба мунтақидони ҳукумат ё фаъолони сиёсӣ ва ё ба идеологҳои ҳизбҳои сиёсӣ. Ё саранҷом кишварро тарк мекунанд, ҳамон фирори мағзҳо;
2. Дастае, ки комилан фармонбардори ҳукумати иҷроия мешаванд. Ин даста равшанфикрон ҳар чизеро, ки ҳукумати иҷроия бихоҳад ҳамонро мегӯянд. Барои ин даста аз ҳама муҳим дар чаҳорчуби “озодӣ” ва шароите, ки ҳукумат барояшон фароҳам кардааст зиндагӣ кардан аст. Инҳо аз пеши худ ба ислоҳоти ҷомеа ё барои саодати мардум бо ниҳодҳои калидии низом вориди гуфтугӯ намешаванд.
Айни чунин фазо ҳоло дар мо вуҷуд дорад. Дар натиҷаи чунин як фазо на ҳукумат фоида мебинад, на мардум ва на худи равшанфикрон. Вуҷуди ҳарду даста дар ҳамин формула ба манфиати миллату давлат нест. Мушкил дар ин аст, ки вақте равшанфикрон пойбанди идеологияи номушаххас ва ё манфиатҳои ҳокимияти иҷроия мешаванд ҳаракати равшанфикрӣ шикаст мехӯрад ё ба тарафи нокуҷо самт мегирад. Дар натиҷа мардум зарар мебинад. Ин ҳолат айни вазъиятест, ки равшанфикрони мо дар буҳрони сиёси ва миллии солҳои 90-ум ихтиёр карданд, яъне натавонистанд пештози ҳаракати фикрӣ ва озодихоҳӣ боқӣ бимонанд.
Омберто Оку, файласуф ва нависандаи маъруфи итолиёӣ дар румони “Ованги Фуку” менависад: “Аз он ки прулеторҳоро рӯшанфикр бигардонем, басе осонтар аст, ки рӯшанфикронро ба прулетор табдил диҳем”. Дар ҳақиқат, имрӯз равшанфикрони мо ба як қишри прулетор дар дасти низом табдил шудаанд ва берунтар аз фармудаҳои мақомотро намебинанд. Ё ба гуфти файласуфи тоҷик Меҳмоншоҳ Шарифзода “мардонагии ақлиро аз даст додаанд”.
Ва ба ҷойи охирсухан:
Буҳрони рубли русӣ маълум кард, ки то куҷо пояҳои иқтисоди Тоҷикистон ларзонаканд. Вобастагии моро ба пули муҳоҷирон ифшо кард. Ҳатто ба ин Бонки миллӣ иқрор шуд. Акнун ин буҳрон, ки тоза оғоз шудааст мушоҳида мешавад, ки фарогир мегардад. Тоҷикистон бо ин фазои иқтисодиву муносиботи тиҷорате, ки дорад наметавонад дар муқобили буҳрон ғолиб барояд. Дар ин шароит ҳам барои ҳукумат ва ҳам барои мардум бисёр муҳим аст, ки оқибатҳои ин буҳрон шиносоӣ ва пешгирӣ шавад. Дар охири ҳафта, ки дар назар аст дидори раисҷумҳур бо равшанфикрон баргузор шавад оё метавонем шоҳиди он бошем, ки равшанфикрон бо раисҷумҳур якҷоя барномаи зиддибуҳронии ҳукуматро ба баҳс бикашанд ва таҳия кунанд? Ё метавонанд пешниҳод кунанд, ки бояд баъзе намудҳои бизнес аз инҳисороти гуруҳию хонаводагӣ раҳо карда шавад? Оё метавонанд омилҳои воқеии боздоранда (стагнатсия)-и тараққии Тоҷикистонро ба забон биоваранд.
Бо вуҷуди он ки умедвори баҳси инчунинӣ нестем, вале бисёр мехостем, ки ин гуна баҳси муфовиқ ба манфиатҳои миллату давлат сурат бигирад!
P.S. Дар буҳрони соли 2008 яке аз чораҳо дар баробари буҳрон ин буд: Коғази А4-е, ки то ин замон як бараш истифода мешуд, аз ин ба баъд (то замони рафъи буҳрон) бояд ҳарду бараш истифода шавад. Ин чораро як донишгоҳ бо сеюним ҳазор академику, профессору номзади илму кормандони дигараш кашф карда буд!